Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бо сардории Сайёдҷон Зайниддинов дар шаҳри Мадина бозиро доварӣ намуд

Ҳайати доварони Тоҷикистон бозии даври навбатии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон – дивизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ намуд.

Дар даври нуздаҳуми дивизиони якуми Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бо сардории рефери ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов бозӣ байни дастаҳои “Уҳуд” (Мадина) ва “Ал-Наҷран” (Наҷран)-ро хизматрасонӣ намуд. Бозӣ дар шаҳри Мадина баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.

Сайёдҷонро дар ин бозӣ, дар канори майдон ёварони рефери ФИФА – Акмал Буриев аз Турсунзода ва Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе кӯмак намуданд. Вазифаи довари захираро Насрулло Кабиров аз Норак иҷро дошт.

Мо дар Telegram