«ҲАФТРАНГ». Таҳти ин ном дар арафаи Наврӯз китоби нави Нозир Ёдгорӣ аз чоп баромад

«ҲАФТРАНГ». Таҳти ин ном дар арафаи Наврӯз китоби нави Нозир Ёдгорӣ аз чоп баромадДар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби нави нависанда, шоир ва публисисти шинохтаи тоҷик Нозир Ёдгорӣ таҳти унвони «Ҳафтранг» аз чоп баромад.

Маҷмӯаи нави адиб, ки тавассути нашриёти «Балоғат» ба нашр расидааст,  асосан аз рубоиву дубайтиҳо иборат аст. Беваҷҳ нест, ки китобро муаллифи он дар яке аз намунаҳои шеъри ин маҷмӯа «китоби Илми кашмири дубайтӣ» ва «дуои ошиқи пири дубайтӣ» номидааст.

Китоби ман тумор аст аз дубайтӣ,

Навиди навбаҳор аст аз дубайтӣ.

Дар он рози дили бикшодаи ман,

Барои гулнигор аст аз дубайтӣ.

Дарунаш тафсири афтодани ман,

                    Ба пеши пои ёр аст, аз дубайтӣ.

                    Ба мақсад мерасонад ошиқонро,

                   Суруди «Ёр-ёр» аст аз дубайтӣ.

                   Китоби ман тумор аст аз дубайтӣ,

                   Давои меҳрбор аст аз дубайтӣ.

               …Китоби Илми кашмири дубайтӣ,

                   Дуои ошиқи пири дубайтӣ.

                   ***

                  Навиштам ман шаҳодатномаи ишқ,

                 Даруни ҳар дубайтӣ номаи ишқ.

Мо дар Telegram