Ҳафтаи футбол дар Тоҷикистон

Имрузҳо ҳам тимҳои асосии Тоҷикистон, ҳам тими миллии наврасон то 17 сола барои бозиҳои дар пеш истода тамрин мекунанд.

Дастаи миллӣ имрузҳо дар шаҳри Дубай қарор дошта барои бозии дуввум бо тими Урдун омодагӣ мебинад. Дар бозии аввалии рафиқона тарбиятгирандагони Усмон Тошев бо ҳисоби 2:0 мағлуб гаштанд. Акнун мухлисони тоҷик умед бар он мебанданд, ки дар ин бозӣ футболбозони тоҷик худро сафед мекунанд. 

Дастаи наврасони Тоҷикистон бошад бар акс, дар ду бозӣ 12 гол ба дарвозаи ҳарифони худ фиристодан. Наврасони то 17 солаи тоҷик имрӯзҳо дар шаҳри Минск дар “Ҷоми рушд-2021” иштирок доранд ва дар бозии аввалаи худ бо Қазоқистон 7:1 ғолиб омаданд. Дар дуюмин бозӣ бошад бар тими Молдова бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуданд. Акнун дар бозии ниҳоӣ онҳоро дастаи мизбони ин чеспионат Беларус интизор аст. Мурабби дастаи наврасон Аҳлиддин Турдиев мебошад.

Бозии тими миллӣ рӯзи 5 феврал соати 19:00 бо вақти Душанбе ва бозии наврасон санаи 6 феврал соати 17:30 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

Ҳафтаи футбол дар Тоҷикистон

Дуюмин ғалабаи наврасони тоҷик дар «Ҷоми рушд-2021»

Мо дар Telegram