Ҳабиб Нурмагомедов мақоми чемпиониро озод намуд

Қаҳрамони собиқи сабуки UFC Хабиб Нурмагомедов бо сабаби вазифаи касбиро тарк намудан, аз ҳамаи раддабандиҳо барканор шуд.

Чемпиони мағлубнашуда ва ситораи овозодори UFC аз Русия Ҳабиб Нурмагомедов баъд аз муҳориба бо Ҷастин Гэтжи ба модараш ваъда додаст, ки дигар вориди октагон намешавад. 

Гарчанде роҳбари ин промоушн Дана Уайт хоҳиш намуд ва маблағҳои зиёд пешниҳод кард кушишҳо бесамар буданд. Акнун чемпион бо 29 ғалаба ва 0 мағлубият ба нафақа рафт. 

Тибқи талаботи мусобиқа дар чунин ҳолат камарбанди чемпиони дар муҳорибаи нав соҳиби нави худро пайдо хоҳад кард.

Хотиррасон мекунем, ки Ҳабиб дар як нишаст бо хабарнигорон ваъда дода буд, ки дар шаҳри Душанбе чунин мусобиқа ташкил мекунад зеро, ки миёни ҷавонони тоҷик ин навъи варзиш хеле маъмул мебошад.

Мо дар Telegram