Густариши ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

4O6A0671

1-уми апрели соли 2022 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сзи Шумин вохӯрӣ доир намуд.

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаноби Сзи Шуминро ба Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфта, ба мавсуф барои таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба мубодилаи иттилооти оперативӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Довуд Зардаков.

Мо дар Telegram