Гӯшаи Тоҷикистон дар донишгоҳи Русия

Дар донишгоҳи давлатии нафти-техникии УФА бахшида ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва ҳамчун арҷгузорӣ ба 187 донишҷӯёни тоҷикистонӣ гӯшаи махсус бо услуби миллӣ бунёд шудааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба вазорати маориф хабар дод.
Дар аудитория рамзҳои Тоҷикистон байрақ ва нишони давлатӣ, аксҳо, манзараҳои кишвар ва маълумотҳо дар бораи шоҳ Исмоил Сомонӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.
Роҳбарияти донишгоҳ ташаббуси эҳтиромгузории муассисаро ба донишҷӯёни тоҷик ва ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро қайд намуданд.
Акнун, донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар ин гӯшаи хурд, худро дар фазои фарҳангу тамаддуни миллӣ эҳсос кунанд. Инчунин дар ин утоқ гузаронидани барномаҳои таълими, маҷлисҳо ва ҷашнгирии идҳои миллӣ ва муаррифии фарҳангу анъана, забон ва арзишҳои миллати тоҷик ва Тоҷикистон имконпазир аст. 
Донишгоҳи давлатии нафти-техникии Уфа- яке аз маъруфтарин дар самти техника ва технология дар Русия буда, дар он беш аз 1300 донишҷӯёни хориҷӣ ва 187 аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Мо дар Telegram