Гуфтугуи телефонии ВКХ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон

Рӯзи гузашта суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Мавзӯи суҳбат аз масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамгироӣ, ҳамкориҳо дар созмонҳо ва масъалаҳои сарҳади иборат буд. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки истифодабарии нерӯҳои комиссияҳои байниҳукуматии ташкил шуда, барои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ нақши муҳим дорад.

Инчунин, ба вазири Қирғизистон пешниҳод карда шуд, ки масъалаи мақоми расмӣ додани гузаргоҳи “Қарамиқ” барраси шавад.

Ба ғайр аз ин, боз масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, коммуникатсия, нақлиёт ва чорабиниҳои сатҳи сарони давлатӣ дар СААД ва СҲШ-и дар пеш истода мубодилаи афкор намуданд.

С.Муҳриддин вазир Қазоқбоеваро барои иштирок дар кори конфронси вазирон “Қалби Осиё- Раванди Стамбул”, ки 30 марти 2021 баргузор мегардад таклиф намуд.
Мо дар Telegram