Google ва Facebook дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифт

Ширкати Google ва Facebook аввалин шуда дар Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаи www.andoz.tj ҳамчун андоз супоранда фаъолияти худро ба қайд гирифтанд, чунин хабар дод Кумитаи Андози Тоҷикистон. Facebook рӯзи 2 март ва Google бошад санаи 3 март сабти ном карданд.

Ба ғайр аз ин, боз дигар ширкатҳое, ки хизматрасониҳои электрони мерасонанд ба қайд гирифта шуданд. Акнун теъдоди чунин андозсупорандагони хориҷӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст. То имрӯз ширкатҳои Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc низ номнавис шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки баъд ворид намудани тағйирот дар бораи андозсупорандагон ва оғози эътибораш аз 16 январ 29 блогерҳои кишвар, ки аз шабакаҳои Youtube, Instagram даромад мегиранд андозбанди шуданд. Акнун блогерҳо мебояд 6% аз даромадщояшонро ба буҷаи давлат супоранд.

Google ва Facebook дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифт

Кремл бо Маск дар бораи гуфтугӯ дар Clubhouse ба хулосае наомаданд

Мо дар Telegram