Ғолиби «Озмуни китобхони беҳрини ВКД» — омӯзгори Академия гардид

1024

Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба маърифати китобхонӣ дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ» бо супориши Вазири корҳои дохилӣ, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД «Озмуни китобхони беҳтарин» гузаронида шуда, даври ҷамъбастии он дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки комиссияи салоҳиятнок баргузор гардид, ки ғолибияти он бо ифтихори баланд, насиби омӯзгори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳокимҷон Тоирҷон гардид.
Ҳабибзода Ҳокимҷон Тоҳирҷон яке аз омӯзгорон ва афсарони ҷавони Академия буда, бо «Дипломи сурх» факултети №5-и Академияро хатм намуда, ҳоло ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғул мебошад.

1025

Ҳабибзода Ҳокимҷон Тоҳирҷон ба хондани китобҳои бадеӣ мароқи зиёд дошта, дар чорабиниҳои ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар сохторҳо фаъолона ширкат меварзад. Ӯ дар баробари пешаи омӯзгорӣ, роҳбарии Ҷамъияти илмии курсантони кафедра, Маҳфили эҷодкори ҷавон ва раисии Созмони ҷавонони Академияи ВКД-ро ба уҳда дорад.
Бо ин ғолибият Ҳабибзода Ҳокимҷон Тоирҷонро роҳбарият ва ҳайати шахсӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ зафарҳои нав ба навро таманно дорад.

Асламов Б.С., Одиназода Ш.И., ходимони илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД

 

Мо дар Telegram