Голи Парвиз Умарбоев ба «Локомотив»-и Пловдив дар қаҳрамонии Булғористон мусовӣ овард

Ниммуҳофизи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Парвиз Умарбоев дар бозии навбатии қаҳрамонии Булғористон ба задани гол муваффақ шуд. Дар ин вохӯрӣ, “Локомотив”-Пловдив, ки футболбози тоҷикистонӣ дар ҳайати он баромад мекунад, дар майдони худ бо дастаи “Берое” бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ бозӣ кард. Парвиз Умарбоев дар ҳайати аввалии даста ба майдон баромада, дар дақиқаи 76-уми вохӯрӣ зарбаи пеналтиро бе хато ба нишон расонд.

Ёдрас мешавем, ки Парвиз Умарбоев ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври 7-уми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили Муғулистон даъват шудааст. Бозӣ рӯзи 25-уми март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

 

Мо дар Telegram