Голи навбатии Комрон Турсунов дар қаҳрамонии дивизиони якуми Ҳиндустон

Ниммуҳофизи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Hero I-League – дивизиони якуми Ҳиндустон ба задани голи навбатии худ муваффақ шуд, ки голи панҷуми ӯ дар ин лига мебошад.

Дар бозии даври даҳуми дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи “ТРАУ”-и Комрон Турсунов дар сафар бо ҳисоби калони 5:1 дастаи “Индиан Эрроус”-ро шикаст дод. Дар ин бозӣ футболбози тоҷик ҳам ба задани гол ва ҳам ба анҷом додани ду партофти головар муваффақ гашт ва маротиба дуюм дар мавсим – беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд. Ба Комрон Турсунов барга бо арзиши 25 ҳазор рупияи Ҳиндустон, ки баробар ба 345 доллари ИМА мебошад, тақдим гардид.

Голи навбатии Комрон Турсунов дар қаҳрамонии дивизиони якуми Ҳиндустон

Мо дар Telegram