Футболбози тоҷик ба Аврупо меравад

Футболбози дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Табрези Давлатмир шартномаи касбии худро бо дастаи “Нарва-Транс”- и премиум-лигаи Эстония бастааст, хабар медиҳад ФФТ.

Табрези 22 сола дар чемпионати Эстония таҳти рақами 3 баромад хоҳад кард. Гуфта мешавад ки, оғози чемпионати Эстония ба 5 март гузошта шудааст.

Дар премиум-лигаи Эстони ҳамагӣ 10 даста қувваозмои мекунанд. Дар Лигаи чемпионҳо 1 даста ва дар Лигаи Аврупо 3 дастаи Эстония иштирок мекунанд. Соли гузашта Нарва-Транс мавсимро дар ҷойи 8 анҷом дод.

Мо дар Telegram