Фурқат Ахмеджанов – роҳбари нави Лигаи футзали Тоҷикистон

Дар сохтори Лигаи футзали Тоҷикистон роҳбарият иваз шуд. Фурқат Ахмеджанов директори нави Лигаи мазкур таъин гардид. Фурқат Ахмеджанов дар ин вазифа Комрон Шодиевро иваз намуд.

Фурқат Ахмеджанов дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2015 фаъолият менамояд. Қаблан ӯ дар вазифаи муовини директори техникӣ ва сардори шӯъбаи футболи бонувони Федератсияро ба зимма дошт.

Мо дар Telegram