Фоҷеаи киштии “Титаник”. Аз он рӯйдоди мудҳиш 109 сол мегузарад

Фоҷеаи киштии “Титаник”. Аз он рӯйдоди мудҳиш 109 сол мегузарад
Бо гузашти беш аз як садсола аз ғарқи об шудани
киштии овозадори “Титаник” ҳамоно гуфтугузорҳо
дар атрофи он поён намеёбанд. Дар остонаи
саддумин соли суқути ин киштии овозадор
хабаре интишор ёфта буд, ки тибқи он ёддошти
хаттии мусофири  киштӣ хонум Лауре Франкателлӣ
дар ауксиони Британияи Кабир 
20 ҳазор фунт стерлинг (32 ҳазор доллари ИМА)
ба савдо рафт. Ин хабарро ожонсии
Ассошиэйтед Пресс интишор дода буд.

 

Зани хушбахте, ки аз чанголи марг наҷот ёфт

Дар он лаҳзаҳое, ки киштӣ тадриҷан ба об фурӯ мерафт, кам касоне буданд, ки ба наҷоти худ умед мебастанд. Зеро ҳама мепиндоштанд, ки танҳо тасодуф метавонад онҳоро аз чанголи марг наҷот бахшад. Он замон бисёриҳо худ шоҳиди ба об рафтани ҳамсафарони худ мегаштанд ва маргро пеши чашмони худ медиданд.

 Лауре Франкапелли аз ҷумлаи касони хушбахте буд, ки саҳни киштиро, ки баъдан ба саҳнаи фоҷеабори таърихи башар табдил ёфт, бо истифода аз заврақ қабл аз фоҷеа тарк карданд ва зинда монданд. Он замон Рауре 31 – сола буд. Баъди марги  Франкапеллӣ шаҳодаи хаттии ӯ дар мавриди ин рӯйдоди беназири таърихӣ ба дасти коллесионери хусусӣ афтид ва ӯ то ба ин дам онро нигоҳ медошт. Хонум Лауре соли 1967 ёддошти худро навиштааст ва ин замоне будааст, ки хотироташ ҳанӯз тоза ва ҷузъиёти рӯйдод якояк пеши назараш омадааст. Аз ҷумла, марҳум дар бораи “гулдуроси шадиде” навиштааст, ки ҳангоми ба қаъри обҳои сарди уқёнус фурӯ рафтани киштии бузург ба гӯши мардум расидааст. “Вақте киштӣ ба қаъри об фурӯъ мерафт, ғалоғулаи пуршӯре атрофро фаро гирифта буд, баъдан садои баланди мусофирон ба гӯш расид. Ин боз чанд муддат давом кард, дигар ёд надорам…Андаруни заврақ нишаста мо комилан хомӯш будем. Атрофро торикии ваҳшатноке фаро гирифта буд”, — омадааст дар матни ин ҳуҷҷат. 

Франкапелли, ки он замон котибаи шахсии хонум Люси Дафф-Гордон (модели фаронсавии охри асри 19) буд, ба хотир овардааст, ки ӯ ҳамроҳ бо корфармои худ ва шавҳари ӯ ҷаноби Космо Дафф Гордон яке аз он 12 мусофири заврақе буд, ки 40 нафарро метавонист интиқол диҳад. 

Ҳамчуноне намояндаи хонаи ауксиони “Henry Aldridge&Son”  Эндрю Элдриҷ хабар дод, ки «Космо ба ҳар узви ҳайати киштӣ, ки дар ин заврақ савор шуда буданд, 5 фунт додааст, ки дар он замон пули калон маҳсуб мешуд”. 

Фоҷеаи киштии “Титаник”. Аз он рӯйдоди мудҳиш 109 сол мегузарадЯхкӯҳ (айсберг)-е, ки Титаник ба он бархурда буд

 

«Титаник» 10 апрели соли 1912 аввалин ва охирин сафари баҳрии худро оғоз намуд. Дар бораи теъдоди мусофиронаш рақамҳои мухталиф интишор ёфтаанд. Дар баъзе ҳуҷҷатҳо онро 2,2 ҳазор ва дар асноди дигар ҳудудан 2 ҳазор ба қалам додаанд.

14 апрел дар сеюмин рӯзи ҳаракаташ ба “айсберг” (кӯҳи яхӣ)- и бузурге бархӯрд ва канораи рости он шадидан осеб дид. Одамонро ваҳима пахш кард ва ҳама худро ба хотири наҷот ба қафои киштӣ мезаданд. Аз 20 заврақи мавҷуда ду тои онро натавонистанд ба кор андозанд. Аслан теъдоди заврақҳои наҷот камтар аз шумораи мусофирон буданд. Дар натиҷа ҳиссае аз одамон наҷот наёфтанд ва ҳамроҳ бо киштӣ ба қаъри об фурӯъ рафтанд.

“Титаник” рӯзи 15 апрел соати 2.20 комилан ғарқ шуд ва аз 1,4 то 1,7 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, ҳамагӣ наздик ба 700 нафар дар 18 заврақ ҷон ба саломат бурданд.   

 

Шикасти яхи хомӯшӣ баъди 73 сол
Фоҷеаи киштии “Титаник”. Аз он рӯйдоди мудҳиш 109 сол мегузарадҲоли имрӯзаи  “Титаник”дар зери об

 

Баъди он бо гузашти солҳо фоҷеа ба умқи таърих рафт  ва то 1 сентябри соли 1985 дар бораи сарнавишти ин киштии бузург иттилои аз ин зиёд дастрас набуд. Тирамоҳи соли 1985 бостоншинос Роберт Боллард ва ҳамкасбони фаронсавии ӯ дар масофаи 325 мил аз соҳилҳои ҷазираи Нюфаундланди Канада пораҳои киштиии ғарқшударо пайдо карданд. То ин замон аз қаъри уқёнус наздик ба 5 ҳазор далелҳо берун оварда шудаанд. Киштиҳои зериобӣ сайёҳони зиёдеро ҷиҳати тамошои боқимондаҳои “Титаник” ба қаъри об бурдаву берун овардаанд.

Зери фишори шадиди об киштии бузург се ҳисса шуд, шикастапораҳои он то 1600 метр аз ҳам дур партофта шуданд. Қисмати пеши киштӣ бо вазни худ чандин метр дар лойқа фурӯ рафт. Тақрибан 800 метр дуртар аз он думи киштӣ мехобид. 

Дар бораи ин фоҷеа даҳҳо китоб, шеъру достон, садҳо мақолаву очеркҳо иншо ва филмҳо офарида шудаанд, ки охирин филм бо номи “Титаник” чун серхаридортарин ва сертамошобинтарин филм дар ҷаҳон эътироф гардида буд.

 

SOS аз қаъри солҳо

Фоҷеаи киштии “Титаник”. Аз он рӯйдоди мудҳиш 109 сол мегузарадБинии Титаник дар қаъри об. Расми соли 2004.

15 апрели соли  1972 радисти амрикоии киштии «Теодор Рузвелт» Ллойд Детмер бонги хатари SOS қабул кард. Ҷои тааҷҷуб намебуд агар ин хабар аз киштии ғарқшудаи “Титаник” намерасид. Дар оғоз радист гумон кард, ки ба назараш расидааст, аммо ба ҳар ҳол аз соҳил инро суол кард. Посух доданд, ки ҳеҷ гуна хабаре дарёфт гашудааст ва ин фиреби назар аст. Аммо радистро чизи дигар мутаваҷҷеҳ сохт. Аллакай дар бандар ба сарвар ва аъзои ҳайат дар ин бора на сарварони ҳарбӣ, балки намояндагони хадамоти махсус шарҳу тавзеҳот медоданд. Ин ҳодиса водор сохт, ки ӯ ба таҳқиқи рӯйдоди нодир мустақиман шурӯъ кунад.

Дар бойгонии ҳарбӣ  Детмер ахбори радистони дигарро пайдо кард, ки онҳо низ радиограммаҳои шубҳаовареро қабул кардаанд. Датмер ба солҳо таваҷҷӯҳ намуд:  1924, 1930, 1936, 1942. Аз маълумоти дарёфтӣ вай ба ин натиҷа расид, ки хабари шубҳаовар дар ҳар шаш сол як маротиба мерасидааст. Аз ин рӯ вай соли 1978 махсус интизор шуд ва бовар дошт, ки он хаҳад расид. 

Детмер то ҳадде саргарми ин таҳқиқот шуд, ки ҳолати рӯҳии худро аз даст дод ва ӯро билохира дар бемористони касалиҳои рӯҳии шаҳри Балтимор (ИМА) бистарӣ карданд. Аз ин рӯ, оё солҳои 1984 ва 1990 кадом хабаре расид ё на, ба касе маълум нест. Аммо соли 1996 киштии канадиёии  «Квебек» бонги хабари SOS-ро аз «Титаник» қабул намуд.

Олимон тахмину гумонҳои мухталифе дар ин замина доранд. Ва маъруфтарин ақида ин “дар майдони вақту фазо таъсис гардидани суроби радиосигнал” мебошад. Ва чунин меҳисобанд, ки ин суроб вақтро на танҳо барои оянда, балки барои гузашта низ рахна кардааст. Иддае аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки суроби радиосигналро ҳамчунин дар замони худ капитани киштии “Титаник” Эдвард Смит низ пештар аз садама шунида буд. Маҳз ҳамин буд, ки Эдвард ногаҳон кӯшиш кард, ки гузаргоҳро тағйир диҳад. Ин дар ҳолест, ки хабар дар мавриди кӯмак  бо таъхири дусоата фиристода шуда буд.

 

“Титаник” – ро сӯхтор ҳалок кард?

 Ахиран «Московский комсомолец» маводе дар мавриди сабабҳои садамаи “Титаник” интишор дод, ки дар маркази таваҷҷӯҳ тахмини муҳаққиқи британиёӣ Рей Бостон меистад. Мавсуф бар ин назар аст, ки “Титаник” на бар асари бархӯрд бо айсберг, балки дар натиҷаи сӯхтори он дучори ҳалокат шудааст. Ба ақидаи ӯ сӯхтор дар қисмати захираҳои ангишт рух додааст ва он ҳаддиақал 12 рӯз идома доштааст. 

Барои исботи назарияи худ Бостон хотироти он аъзои ҳайатро меорад, ки баъди фоҷеа зинда мондаанд. Ҷей Дилл, ки масъули амнияти зиддисӯхторӣ буд, тайид мекунад, ки дар ҳақиқат дар хонаи шашум оташ аланга зада буд. Аммо комиссияе, ки сабабҳои ҳалокати киштиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода буд, ҳар гуна гумону тахминҳоро дар мавриди сӯхтор дар киштӣ рад мекунад. Аз ин рӯ дар мавриди назарияи бар асари сӯхтор нобуд шудани киштии бузург ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ надорад ва онро имрӯз пазируфтан ҳам аз имкон берун аст. Ҳатто ҳамкасбони Бостон, ки бо ҳам қазияро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ба хулосаҳои ӯ розӣ нестанд ва онро ҳатто ҳаннотӣ унвон мекунанд ва мегӯянд набояд рӯйдоди таърихиро таҳриф намуд.

 

Бо пайроҳаи  “Титаник”

Фоҷеаи киштии “Титаник”. Аз он рӯйдоди мудҳиш 109 сол мегузарадТарҳе, ки тибқи он бояд Титаники дуввум сохта шавад.

 

Киштии “Balmoral”, ки аз ҷониби созандаи “Титаник” – ширкати  «Harland and Wolff» рӯи кор омадааст, ба нақша гирифта буд, ки соли 2012 бо хати ҳаракати сад сол пеши “Титаник” як сайру саёҳати таърихӣ анҷом диҳад.  

“Balmoral” бо ҳамон андоза мусофироне ба роҳ хоҳад баромад, ки сад сол пеш “Титаник” ба роҳ баромада буд. Қарор буд 14 апрел киштӣ ба ҷое расад, ки “Титаник” дар он ғарқ шуда буд. Сипас, мусофирони “Balmoral” ба сайри қабристони  “Fairview” воқеъ дар шаҳри канадиёии Галифакс  бурда мешаванд, ки 121 нафар қурбониёни ин фоҷеа дар он ҷо дафн карда шудаанд. Баъдан, киштӣ ба бандари Коб фуруд меояд, ки дар замони худ “Титаник” натавониста буд дар он фуруд ояд.

Ба меҳмонони ин сафари ёдбуд таомҳое пешкаш карда мешаванд, ки “Титаник” ба мусофирони худ пешкаш карда буд. Ҳамчунин мусиқии аввали садаи ХХ тӯли ин сафар садо хоҳад дод. Сайру саёҳати 12 рӯза якҷо бо раҳкиро 3,6 ҳазор долларро ташкил хаҳад дод.

Аммо баъдтар нақшаҳо тағйир ёфтанд. Ҳоло қарор шудааст, ки ин киштӣ соли 2012 боз ҳам дар солгарди ғарқ шудани Титаник ба роҳ барояд. Соли 2013 гуфта мешуд, ки аз ҳоло беш аз 40 ҳазор нафар барои ширкат дар ин сафари таърихӣ дархост додаанд. 

 

Таҳияи Б.Шафеъ,

бо истифода аз маводи

шабакаи ҷаҳонии Интернет

Мо дар Telegram