Фоҷеа дар кӯҳҳои Ромит: Ду шикорчӣ аз рустои Ғускефи шаҳри Ваҳдат зери тарма монданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Фоҷеа дар кӯҳҳои Ромит: Ду шикорчӣ аз рустои Ғускефи шаҳри Ваҳдат зери тарма монданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Ин ду тан бо вуҷуди ҳушдорҳову огоҳиҳо майли шикор карданд. Ба кӯҳҳои Ромит рафтанд ва ҳамон рӯз барнагаштанд. Шикор ин бор барояшон ҷонситон омад. Шояд намедонистанд, ки ин рафтан баргашт надорад.

4 феврали соли 2021 ҷонишини раиси ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат ба шуъбаи КҲФ дар ин шаҳр муроҷиат кард ва гуфт, ки ду сокини рустои Ғускефи ҷамоат рӯзи 3 феврал ба самти кӯҳҳои Ромит шикор рафтанд ва то кунун барнагаштаанд. Аз онҳо хабаре ҳам нест. 

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ рӯзи 4 феврал, соати 10:10 дақиқа ду ҷасадро аз зери тарма берун оварданд.

Маълум гардид, ки онҳо ҳамон сокинони бедаракшудаи деҳаи Ғускеф будаву яке 48 ва дуюмӣ 32 сол доштанд. Ҷасадҳоро ба хешовандонашон супурданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин айёми сард, ки кӯҳҳо пур аз барфанд ва хавфи лағзиши тарма ҳам вуҷуд дорад, аз рафтан ба шикор ва ҷамъоварии ҳузуму гиёҳҳои шифобахш ва ё чаронидани чорво худдорӣ кунанд.

Эҳтиёткор бошед ва ҷони худро дар хатар наандозед ва пайвандонатонро нигарон накунед!

барчасп: 
Мо дар Telegram