Фирори тимсоҳҳо аз як мазрааи парваришӣ дар Африқои Ҷанубӣ. Мақомот мегӯянд маълум нест чанд тимсоҳ фирор кардааст

Фирори тимсоҳҳо аз як мазрааи парваришӣ дар Африқои Ҷанубӣ. Мақомот мегӯянд маълум нест чанд тимсоҳ фирор кардааст

Як гурӯҳи махсус аз пулис тимсоҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ахиран аз мазраае воқеъ дар вилояти Капски Ғарбии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ фирор кардаанд. Бино ба гузориши расмӣ дар айни замон 27 тимсоҳи фирорӣ пайдо ва ба макони будубоши қаблиашон баргардонида шудаанд. Аммо маълум нест, ки дар маҷмӯъ чанд ин гунаи хазанда фирор кардааст. Мақомоти ҳисоби дақиқи онҳоро намедонанд ва ин кори ҷустуҷӯро мушкил кардааст.

Тахмин меравад, ки як сабаби фирори тимсоҳҳо девори харобшуда будааст, ки аз он берун шуда, ба самти дарёи Брид равон шудаанд. 

 Сокинони  маҳаллӣ огоҳ карда шудаанд, ки ба ҳайвонҳои фирорӣ наздик нашаванд.  

«Табиист, ки онҳо хеле хатарноканд, чун ҳайвони ваҳшиянд, ҳарчанд дар асорат бузург шудаанд”, — гуфтааст Петро ван Рин, котиби матбуотии CapeNature, агентии вилоятии ҳифзи олами ваҳшӣ.

«Одамон набояд бо онҳо рӯ ба рӯ оянд ва ҳатто то даме, ки кулли онҳо боздошт ва ба мазраа баргардонида нашаванд, набояд ба соҳилҳои дарё ҳам наздик шаванд”, — гуфтааст ӯ. 

Тимсоҳ дӯстдоштатарин қаҳрамони афсонаҳо ва асарҳои бадеӣ барои бачаҳост: шуруъ аз тимсоҳе, ки офтобро фурӯ бурдааст (аз афсонаи Корней Чуковский “Айболит”) ва анҷом то тимсоҳ Гена аз филми тасвирии ҳамноми он. Албатта, ҳамаи ин филмҳову афсонаҳо  дур аз ҳақиқату воқеъиятанд. 

Тимсоҳ ҷонвари хазанда ва дорои чаҳор дасту пост, дар об хеле хуб шино мекунад, аммо доим обӣ нест, тухмҳояшро дар замин мегузорад ва бача мебарорад. Ба ин синф   калтакалос, морҳо ва сангпуштон дохил мешаванд. Имрӯз дар олам 21 намуди тимсоҳ вуҷуд дорад. 

Инҳо дарандаҳое мебошанд, ки дар мантиқи тропикӣ (танҳо як намудашон дар минтақаҳои субтропикӣ) ҳаёт ба сар мебаранд ва тарзи зидагии нимобу нимхушкӣ доранд. Онҳо бештар дар соҳилҳои обҳои ширин зиндагӣ мекунанд. Танҳо тимсоҳи теғадорро баъзан метавон (дуртар аз 600 км) аз соҳили баҳр вохӯрд.

Тимсоҳҳоро ба се оила ҷудо мекунанд: аллигаторҳо, тимсоҳҳои ҳақиқӣ ва гавиалҳо (тимсоҳи ҳиндӣ).

барчасп: 
Мо дар Telegram