Федератасияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Узбекистон ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Дар Тошканд мулоқоти кории ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Равшан Ирматов бо ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода баргузор шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо рушд ва оммавигардонии футбол дар Узбекистон ва Тоҷикистонро васеъ муҳокима намуда, дар бораи ҳамкориҳои доимии ду федератсияи миллӣ ба мувофиқа расиданд.

Ноибони президенти АФУ ва ФФТ, инчунин нақшаҳои баргузории бозиҳои дӯстона байни тимҳои гуногуни миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Зикр гардид, ки ташкили бозиҳои байналмилалӣ ба рушди на танҳо футбол, балки муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Мо дар Telegram