Фаромадани 16 тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим

Рӯзҳои охир обуҳавои тағйирёфта ба Тоҷикистон сардиҳоро бо бориши барфу борон ва фаромадани тармаҳо овард. 

Кумитаи Ҳолатҳои Фавқуллодаи кишвар хабар медиҳад, ки шаби гузашта дар роҳи Хоруғ-Ишкошим 16 маротиба тарма фаромадааст ва дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд низ тарма фаромада, ҳаракати роҳро мувақаттан маҳдуд намуд.  Ҳоло бошад роҳҳоро пурра тоза намуда, ҳаракатро барқарор намуданд.

Инчунин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор менамояд, ки ронандагон дар ин сармоҳо бинобар сабаби фаромадани тармаҳо дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Хоруғ-Ишкошим аз баромадан ба сафар худдори намоянд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ дар минтақаҳои куҳии мамлакат боидани барфу борон ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо боридани борон меборад.

Фаромадани 16 тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим

Ӯзбекистон хати интиқоли барқи «Гузар-Регар»-ро таъмир мекунад

Мо дар Telegram