ФАРҲАНГШИНОСӢ – ЗАМИНАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

«Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳияи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст».

Эмомалӣ Раҳмон

1686

Яке аз масъалаҳои асосии илмҳои ҷомеашиносӣ дар тамоми макотиби олии ҷумҳурӣ таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандориву ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ буда, барои ҳар як фарди ҷомеа он ҳамчун заминаи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва асолати миллӣ мегардад. Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба сатҳу сифати баланд бардоштани савияи донишандӯзии курсантон тадриҷан маводи фанҳои таълимӣ тадриҷан аз нашр бароварда шуда истодааст. Аз ҷумла, дар факултети №4 аз тарафи муаллимони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ лейтенанти калони милитсия Самадзода И. ва полковники милитсия Муҳаммадӣ А. комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни Фарҳангшиносӣ барои курсатони курси якум аз нашр бароварда шуд, ки шоёни таҳсин аст.
Дастури мазкур дар нашриёти парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳаҷми 168 саҳифа бо теъдоди 100 нусха аз чоп бароварда шудааст.
Комплекси таълимӣ-методӣ аз пешгуфтор, барномаи таълимӣ, барномаи корӣ (силлабус) иборат буда, муаллифон ба масъалаи омӯзиши тадриҷии фарҳангшиносӣ аҳамияти хоса зоҳир кардаанд, бинобар он аз тавсияҳои методӣ, супоришот барои хониши мустақилона, машқҳои санҷишӣ ва руйхати адабиёт иборат мебошад. Муҳтавои комплекси таълимӣ-методӣ аз таърихи ташаккули илми фарҳангшиносӣ оғоз гардида, то масъалаҳои имрӯзаи фарҳангро фарогир шудааст. Аз ҷиҳати ихтисосмандӣ дастури мазкур ба стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои курсантони ихтисоси ҳуқуқшиноси Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд.
Бинобар ин барои ҳайати профессорону омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои хуб маҳсуб ёфта, омӯзгорони дигарро низ водор менамояд, ки минбаъд бештар бо корҳои таълимиву методӣ шуғл варзанд. Барои курсантон имконият фароҳам омад, ки фанни фарҳангшиносиро дар асоси шароити мусоид аз худ намоянд.

Олимӣ Ҳоҷиниссо Абдусаломзода — муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия

Мо дар Telegram