Ҳеч гоҳ аз либоси кӯҳна шарм надоред!

Ҳеч гоҳ аз либоси кӯҳна шарм надоред!

Аслан ман дар зиндагӣ як хислате дорам, ки ба модарам писанд нест. Агар як либос харидаму ба ман писанд омад, то дариданаш ҳамонро мепӯшам. Зебо пушидан хуб аст, аммо аз мардуми оддӣ фарқ кардан намехоҳам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, либоси тоза ба бар карда бошам, аммо навашро ягон маротиба орзу накардаам ва бароям мӯд ҳам шавқовар нест. Ростӣ, баъзан модарам аз дастам маро қапида, ба бозор бурда, сару либоси нави шинам харида медоданд, ки вақтҳои дароз дар ҷевон меистоду баъд ба ҳамдеҳа ва дӯстам Анвар медодам, ки ӯ мепӯшид. Модарам ҷанг карда, мегуфтанд: «Зебо пушида гард, набошад хайр майлаш, чизи нават пур, чаро намепӯшӣ?Муйҳоятро прическаи зӯр кун, фасон шуда гард. Ин қадар ин хел кашола шуда нагард, ки одат мекунӣ… » Модарам зебопараст буданд. Аммо то ҳол ҳамон хислатам ҳамон истодааст, ягон қадар иваз нашудаам. Агар бо дӯстонам ба мағоза равем, ягон чиз писанд омад ё тахфиф бошад, ҳатман мехарам, аммо намепӯшам. Дар охир ба ягон бачаҳои деҳа тӯҳфа мекунам.

Имрӯз, бегоҳ кор ба анҷом мерасид. Рӯз ба охир расида истода буд. Як зане, бо либоси кӯҳнаву Лаби хандон ва дили пок ба наздам омад. Ман ҳисобу китобро ба итмом расонида, дӯкони савдоро махкам мекардам. Бо баробари дидани рӯйи гарми он модар дар дилам шӯълаи ишқу муҳаббат фурӯзон шуд. Ҳеч гоҳ- ҳеч гап не «Шумо нағз — мӣ? Апаамро гӯед» — гӯён, Холаи Зӯҳрохон, ки нав мо шинос шуда будем, пурсон шуданд, ин модари муҳоҷир. Ин модар аз ман каме шарм доштанд ва зуд аз назди чашмам гум шуданд. Ман ба назди холаи Зӯҳрохон, назди мудири маркази савдо рафтам, ки холаи Зӯҳрохон он ҷо ба мудир хизматрасон буданд. «Хола, Шуморо дар берун хоҳаратон интизоранд, баъд бароед» — гӯён, холаи Зӯҳрохонро аз омад — омади хоҳарашон бохабар кардам. Баъд аз 5 дақиқа холаи Зӯҳрохонро ба назди хоҳари шармини худ баромаданд. Онҳо каме сӯҳбат карданд ва холаи Зӯҳрохон наздам омада, гуфтанд: «Ман ин хел не гӯед, ваё уком аз шумо шарм дошсиян, либосам чиркин ва кӯҳна гуфта. Ман ин хеле бача не гӯед. Ман касханд не, гӯед» — гӯён, модар маро ҳайрон карданд. Ростӣ, каме хиҷолат кашидаму сурх шудам. Ба сару либосҳоям нигоҳ кардам, нав набуданд, «худам ҳам, бачаи назарбаланду бовиқор не. Ба ҳолу аҳволи ягон кас дар умрам нахандидаам, хоҳ дӯст бошад, хоҳ душман, хоҳ шинос, хоҳ ношинос. Чаро ин модари муҳоҷир, ки ҳамшаҳрии мананду бо ин либоси хоксорона ва фақиронаи хеш шарм доштаанд? Ман ягон маротиба аз либоси факирона ва хоксоронаи худ шарм надошта будам, аммо аз ифлосиаш ҳамеша метарсидам. Либоси ин модар тоза аст, аммо кӯҳна. Чаро ин модар шарм медоранд? Аз кӯҳнагиаш? Кӯчаруб бошанд ҳам, ҳалолкоранд — ку» — гӯён, худбахуд гап мезадам.

«Ассалому алейкум. Ино апам ҳама вақт шумоя таъриф мекунанд. Ҳама вақт дар бораи шумо мегӯянд. Ин хел бача нест мегӯянд, навиштаҳои шуморо ба мо, ба бачаҳоям хонда дода, мешинанд. Дар ҳақиқат одами нағз будед, дилам баъди гап задан каме сабук шуд. Ман ин хел одами бо ҳама одамо гап мезадагӣ нею наки шумо тонистид… «-гӯён, яхи модари Муҳоҷир об кушод. Каме дар бораи худашон нақл карданд, аз ҳодисаҳои гузашта гуфта, ангушти пушаймонӣ газиданд ва дар охир, ба хонаи худ даъват карда, давон — давон рафтанд…

Ман ҳеҷ гоҳ ба либосҳои нави одамон аҳамият намедиҳам, чун барои ман фикрҳои нав ва дилҳои тоза бештар муҳимтару шавқовартаранд…

Муаллиф: Ҳабибаллоҳ Исмоилов

Мо дар Telegram