ДУШАНБЕ БАРНОМАИ «ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ» ИФТИТОҲ МЕКУНАД

19.03.21.8Душанбе аз моҳи март расман пойтахти комилҳуқуқи фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад. Ифтитоҳи тантанавии барномаи «Душанбе — пойтахти фарҳангии ИДМ — 2021″ 21 март дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад ва ба Иди байналмилалии Наврӯз рост меояд.

Дар маросими ифтитоҳ ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳодатнома, ки мақоми пойтахти фарҳангиро тасдиқ мекунад, супорида хоҳад шуд. Шаҳодатномаро Анатолий Иксанов, директори иҷроияи ХБҲБ тақдим мекунад.

Барои ширкат дар маросими оғози барнома даҳҳо сарояндаҳо ба Душанбе меоянд: дастаи фолклории Россия “Духтарони Воронеж”, овозхони беларусӣ Елена Надолская, овозхонҳои эстрадии ӯзбек Акбар Отамуҳаммедов ва Ширин Маматова.

Давоми сол Душанбе яке аз маконҳои асосии мулоқотҳои эҷодии ходимони фарҳанг ва санъати ИДМ хоҳад буд.

Ҳамагӣ дар соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон тақрибан 30 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо навозандагон ва ҳунарпешагон, нависандагон ва рассомон, олимон ва варзишгарон иштирок мекунанд.

Сокинон ва меҳмонони шаҳрро вернисажҳо ва вохӯриҳои эҷодӣ, нахустнамоишҳои театрӣ, озмунҳои мусиқӣ ва сафарҳои ҳунарии сарояндагони машҳури эстрадӣ ва классикӣ интизоранд.

Дар доираи Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» консерти муштараки навозандагони оркестрҳои симфонии кишварҳои ИДМ ва Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон, намоишгоҳи санъат ва ҳунарҳои мардумӣ, Фестивали байналмилалии рассомони ҷавон, муаррифии китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» яке аз лоиҳаҳои калидии ИДМ дар соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад. Маъмулан, тибқи анъана, онро Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстона дастгирӣ мекунад. Аввалин шаҳри Тоҷикистон, ки мақоми пойтахтро гирифт, Кӯлоб буд (2015). Пас аз панҷ сол ин ифтихор насиби Душанбе гардид.

АМИТ «Ховар»

Мо дар Telegram