Дуои бад

Дуои бад

Вақте Расул Ғамзатов достони «Духтари кӯҳистон»-ро менавишт, чанд намунаи дуои бад лозим шуд, то аз забони қаҳрамони достон- зани бадҷаҳл истифода намояд.

«Ба ман таъин карданд, ки дар як авули дур кӯҳистонизани пир зиндагӣ мекунад, ки дар машмаша ягон ҳамсояаш бо ӯ баробар шуда неметавонад. Ман ҳамон дам роҳи хонаи он занро пеш гирифтам.
Дар субҳи босафои баҳорон, ки на шунидани дуои бад, балки шодию сурудхонии кас меояд, бар остонаи пиразан қадам ниҳодам ва мақсади омаданамро сода набошам, рӯирост изҳор кардам. Лозим шуд гуфтам, мехоҳам аз Шумо бисёр дуои бад шунавам ва онро навишта гирифта, ба достонам дохил кунам.»

— Илоҳӣ забонат хушк шавад, илоҳӣ номи маҳбубаатро гум кунӣ, илоҳӣ гапатро одамон акс фаҳманд, илоҳӣ забон наёбӣ, ки вақти аз сайёҳати дур баргаштанат ба ҳамавулонат сухани неке гуфта тавонӣ, илоҳӣ вақте, ки ягон дандонат намемонад, даҳонат гузаргоҳи шамолҳо бошад!…Эй шағолбача, агар ман ғамгин бошам, оё хандида метавонам? Дар хонае, ки касе намурдааст, оё гиристан равост? Маро ягон кас хафа накарда, ҳақорат надода бошад, чӣ хел ман ба ту дои бад бофта диҳам? Гум шав, дигар бо ин хел илтимосҳои бемаънӣ назди ман наё!

Дар роҳ чунин андеша мекардам:

«Вай бо ҳеҷ қаҳру ғазаб дар омади гап ба сарам ин қадар борони дуои бад рехт, агар касе дар ҳақиқат қаҳрашро орад, ба пӯсташ коҳ ҷой мекардагист»…

(Аз китоби «Доғистони ман»)

Воқеан ҳам дуои бад як шакли фолклор буда, дар минтақаҳои гуногун тарзи ҳархелаи онро вохӯрдан мумкин аст. Масалан дар ноҳияи Ашт бештар чунин дуоҳои бад маъмуланд:

— рӯт да тахта монад
— қирғинакат биёд
— ҷувонимарг шавӣ
— рӯда мурдашӯ шӯяд.
— лабата кирми гӯр чинад,
— рӯзи нагза набинӣ…

Дар минтақаҳои дигари кишвар чӣ?

Мо дар Telegram