Духтари телефонбоз

Духтари телефонбоз

Ман ҷавонзани 22 солаам, номам Шаҳноза. Пештар бо Ҷовид ном ҷавоне тариқи телефон гап мезадам. Вай як сол ба гӯшам афсонаи муҳаббат хонду баъд якбора ғайб зад. Ишқаш хасакӣ будааст гуфта, аз Ҷовид дил кандам ва ба Ҷонибек ном ҷавони зебои босавод ва бисёр маданӣ ба шавҳар баромадам.

Зиндагиамон ширин ва саршор аз меҳру муҳаббат бошад ҳам, як кунҷаки дилам ҳамеша сиёҳ буд, хавфи ноаёне дар ниҳодам хона карда, маро ором зистан намемонд. Метарсидам, ки як рӯз не, як рӯз ҳодисаи нохуше рӯй медиҳад ва хушбахтиам ба поён мерасад. Беҳуда «дил гувоҳи ҳақ аст» нагуфта будааанд, тақрибан се моҳ пас аз тӯямон як нисфирӯзӣ ҳамроҳи ҳама аҳли оилаи шавҳарам дар болои кати зери ҳавозаи ток нишаста будем, ки телефонам занг зад. Рақамҳо ношинос бошанд ҳам, гӯширо бардоштам. Қасд кардагӣ барин, ҳамон вақт телефонам вайрон буд ва танҳо бо баландгӯякаш гап зада мешуду халос. Садои ношиноси мардонаро фаҳмида хушдоману хоҳаршӯйҳоям гӯшу ҳуш шуданд. Нав алло гуфта будам, ки аз он ҷониб ҷавоне бо такаббур гуфт:

«Шахаҷон, мая шнохтӣ? Ма ҳаму кавалертум, Ҷовид. Да кҷоӣ, биём ба пеши хонатона иқа ҷақ-ҷақ кнем. Ду рӯз шид ай Масква омаданма…»

Баҳс накарда, телефонро хомўш намудам. Авзои шавҳарам беҷо шуда теғ кашида ба ман менигарист. Хушдоманам як қошаш болою як қошаш поён норозиёна пичинг зад:

«Ҳа, келин, шавҳар ҳам кардед, ҳоло ҳам дили кавалератон шумоба кашол будааст-дия! Мо ба умед ба писарамон духтари очааш мўчӣ накардаро додем гуфта гаштем-ку!»

Хоҳаршӯйҳоям байни худ пичир-пичиркунон чизе гуфта масхараомез гоҳ ба ману гоҳ ба бародарашон менигаристанд. Як луқма нони хӯрдаам дар танам заҳр гашта, хомӯшона ба хонаи худам даромадам. Шавҳарам аз пасам ба хона даромад ва телефонро аз дастам кашида гирифту дубора ба рақаме, ки ба ман телефон карда буд, занг зад ва бо қаҳр пурсид:

— Ту худат кистӣ, ки ба зани ман телефон мекунӣ?!

Садои Ҷовидро баръало шунидам, ки мегуфт:

— Мара намедонӣ киюм, Шаҳноза нагуфтакта, ки дўстдоштамай?!

Аз тарс қариб ҷон аз танам баромада буд. Забонам дар комам часпида чӣ кор карданамро намедонистам.

— Дар куҷоӣ, ҷоята гӯй, ҳозир ман расида меравам, баъд ҳардуямон ҳамчун мард бо мард аз наздик суҳбат мекунем. Ба миёни сухани Ҷовид лагад зад шавҳарам.

— Хдт да кҷоӣ, бте адресота, ма худум миём! Шаҳноза ай ма бд, ай ма мемона. Паст наомад ошиқи хира.

Шавҳарам нишониямонро дод. Тақрибан ним соат пас Ҷовид омад. Ҷонибек бе салому алейк аз гиребонаш гирифта ӯро ба хона даровард ва таҳдидомез пурсид:

— Росташро гӯй, ту бо Шаҳноз чӣ алоқа дорӣ?

Бо чашмони ашколуд илтиҷоомез ба Ҷовид нигаристам, ки маро шарманда насозад. Хайрият, ки номардӣ накарда гуфт:

— Ма Шаҳнозара ду сол пеш, дар давраи мактабхониш як рӯз дар раҳ дида будум. Духтари хушрӯ будай гуфта гап додум, вай мара писанд накарда рафт. Ай пасуш рафта хонашона дидум. Баъд телефоноша ай як ҳамсояшон гирифта зангуш задум, гуфтум, ки ту мада маъқул шидӣ, агар розӣ бошӣ, очама хонатон равон мекнум, тамоми қоидаҳош қати тӯю тамошо карда мегирумта.

Шаҳноза ягон чиз нагуфта телефонша кушт. Қати бача гап назадануш мада маъқул шид, худум ба худум гуфтум, ки бо кадом роҳе набоша, ман бояд ҳами духтара бигирум. Баъд Россия рафтум, ки кор карда пул ҷамъ кунум. Ду рӯз пеш омадум, шӯ кардани Шаҳнозая намедонистум, барои ҳами телефонуш кардум. Мебахшӣ ака, агар медонистум, ки Шаҳноза ҳақиқатанда шӯ кардагияй занг намезадум. Байни ману зани ту ягон гап набуд, дилут пур боша, фақат ма Шаҳнозара дӯст медоштум, вай мара дӯст намедошт, қатим даже гап назадагияй. Сахтут расида боша, бахшиш. Узрхоҳӣ намуд Ҷовид.

Шавҳарам муште ба баногӯшаш зада ӯро аз дар берун кард. Ошиқи хираи ман мисли заргушаки аз доми гурги тездандон раҳоӣ ёфта дарақ-дарақ ларзида ба пасаш нигоҳ накарда баромада рафт.

Шавҳарам баъди ин ҳодиса як ҳафта бо ман гап назад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманам сари ҳар қадам неш зада «Бачаҷон, аз баҳри зани ҷӯрабозат гузар. Ин шарманда муносиби ту нест, дидӣ, кавалерҳояш ба хонаамон даромада омаданд»,- мегуфт. Оқибат заҳри забони хушдоман маро аз ҷони ширинам безор кард ва як саҳар ба шавҳарам гуфтам:

— Ҷонибек, дигар тоби шунидани таънаи модаратро надорам, агар маро нахоҳӣ, баромада меравам.

Шавҳарам чашмонашро аз ман гурезонда, ҳатто гап назад. Сукуташро аломати ризо дониста либосҳоямро ҷамъ намудам ва бо чашмони ашкбор ба хонаи волидонам баргаштам, буду шуди гапро ба модару бародаронам нақл кардам. Онҳо аз ин ҳодиса ғамгин шуда, ба сари Ҷовид рафтанд ва ба қавли худашон «дар пӯсти Ҷовид коҳ ҷой карда» баргаштанд. Ҷовид ба шавҳарам занг зада, бо Қуръон қасам хӯрдааст, ки байни ману вай ягон чиз набуд ва ӯ ҳатто дасти маро надоштааст.

Рӯзи дигар Ҷонибек ҳамроҳи модараш барои бурдани ман омад. Хушдоманам ҳанӯз ҳам аз аспи ҷаҳл нафаромада ба падарам гуфт:

«Майлаш, хотири писарам духтаратонро боз ба хонаам мебарам, вале фаҳмонед, ки дигар ин беақлиашро накунад. Вай зани шавҳардор аст, ба занаки хонадор чунин нағмаҳо намезебад. Қудо, шуморо пешакӣ огоҳ мекунам, агар як бори дигар ягон бача ба Шаҳнозахон занг занад, натанҳо духтаратонро ба хонаатон оварда мемонам, балки шумо маҷбур мешавед, тамоми харҷу хароҷоти тӯйро ҳам баргардонед…»

Падарам ваъда дод, ки дигар ягон нофаҳмӣ намешавад ва теғ кашида ба ман нигаристу гуфт:

— Аз ҳамин рӯз эътиборан телефонро дигар дар дастат набинам! Ҳушатро ба сар гир, ман туро бо номи нек ба шавҳар додам, ки соҳиби хонаву дар ва зиндагии осуда шавӣ, на барои он ки моро шармандаю шармсори дӯсту душман гардонӣ. Як бори дигар ягон номаъқулиатро шунавам, аз худат гила кун, духтар!

Гапи падарамро ду накарда аз баҳри телефон гузаштам ва дасти шавҳарамро дошта ҳамроҳи хушдоманам ба хонааи худам баргаштам. Аз тамоми духтарон хоҳиш мекунам, ки телефонбозӣ карда, худро беобрӯ насозанд. Ҷовид барин ҷавонони аҳмақе ҳастанд, ки бо ду гапи хато метавонанд зиндагии шуморо вайрон ва шуморо шармандаи дӯсту душман гардонанд!

Мо дар Telegram