Ду тоҷик Полисҳои русро латукӯб карданд дар метро. Видео

Ду тоҷик Полисҳои русро латукӯб карданд дар метро. Видео

Ду нафар шоми панҷшанбе дар истгоҳи «Тулская» дар метрои Маскав ба маъмурони пулис ҳамла карданд. Онҳо боздошт шуданд.

Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия аз рӯи далели зӯроварӣ нисбати намояндаи мақомот парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Баъдан маълум шуд, ки гумонбарон муҳоҷир будаанд. Дар Иттиҳодияи тоҷикистониён Русия тақозо кардааст, ки гунаҳкорон то ҳадди имкон муҷозот шаванд. Аз рӯи қонун то 5 сол шояд пушти панҷара шаванд.

Дар навори аввал дида мешавад, ки полисҳои рус як ҷавонро дар замин хобонда кушиш карда истодаанд, то ки дастонашро банданд, аммо ӯ ором намеистад ва дар ҷавоб муқовимат мекунад. Дар ҳамин ҳолат як ҷавони дигар аз дури пайдо шуда бо парвоз ба сари полиси дуввум бо шатта мезанад, ки ӯ меафтад.

Ду тоҷик Полисҳои русро латукӯб карданд дар метро

Дар навори дуввум дида мешавад, ки ҳардуи ин ҷавонони бадахлоқро дастгир намудаандва онҳо узрхоҳӣ кардаистодаанд.

Тоҷикҳо дастгир шуданд
Мо дар Telegram