Доварони Тоҷикистон бозии марҳилаи пешкии Ҷоми КФО-2021-ро хизматрасонӣ мекунад

Ҳайати доварон аз Тоҷикистон бо роҳбарии рефери 35-солаи ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак барои хидматрасонии бозии марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2021 таъин шуданд.

Доварони Тоҷикистон бозии марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2021 байни дастаҳои “Клаб Иглз” (Молдив) ва “Тхимпху Сити” (Бутан)-ро дар Минтақаи ҷанубӣ хидматрасонӣ мекунанд. Бозӣ рӯзи 7 апрел дар Мали баргузор мешавад. Кабировро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА-Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) кӯмак мекунанд. Вазифаи довари чорумро рефери ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе ба зимма дорад.

Мо дар Telegram