ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши охир)

ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши охир)

Замоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷомолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар осонфатҳшаванда ҳам будааст. Тахминан 3 ҳазор кӯҳнавардон дар солҳои гуногун муваффақ ба фатҳи қуллаи он шуданд, ки дар миёни онҳо як бачаи 13-солаи нобино ва пиразани 73-сола ҳам буданд. Ин пиразан бузургсолтарин кӯҳнаварди олам аз миёни занон шинохта шуд.

Дар бахши аввал мо дар бораи ду кӯҳи пурхатари олам қисса кардем ва бо нақл дар бораи се кӯҳи дигар панҷгонаи кӯҳҳои хатаровари ҷаҳонро ба поён мебарем.

Тӯдакӯҳи Аннапурна

ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши охир)

Як тӯда кӯҳистоне дар риштакӯҳҳои Ҳимолой, дар қисмати марказии шимоли Непал аст, ки шомили як қуллаи баланди 8000 метр ва 16 қуллаи дигаре, ки ҳар кадом то 6 ҳазор метр мебошанд. Ин тӯдакӯҳ 55 километр тӯл дорад. Аннапурна аввалин кӯҳ бо қуллаи 8 ҳазор метр аст, ки инсон онро фатҳ намуд. Соли 1950 як эъзомияи фаронсавиҳо ба ин қулла расид. Аз аввали солҳои 1990 шумораи фоҷеаҳо дар ин минтақа рӯ ба коҳиш овардааст ва тибқи омори ахир аз соли 1990 то соли 2008 шумори маргумир дар Аннапурна 19,7 дарсадро ташкил дод, ки назар ба дигар қуллаҳои беш аз 8 ҳазорметрӣ камтар аст.  

Аннапурна калимаи гирифташуда аз санскит буда, маъно ё тарҷумаи таҳтуллафзии он “пур аз ғизо” ё худ “Илоҳаи серҳосилӣ” мебошад.

Чанд нуктаи ҷолиб:

  • Соли 1950 эъзомияи фаронсавиҳо аслан қасд надошт ба Аннапурна равад, онҳо нияти сафар ва фатҳи Дҳаулагари (ба маънои кӯҳистони сафед,  бахше аз риштакӯҳҳои Ҳимолой) доштанд. Аммо дар ҷараёни сафар ҳисс карданд, ки барояшон расидан ба ин қулла имконнопазир аст ва ба самти Аннапурна ҳаракат карданд. Танҳо баъди 10 сол эъзомияи швейсарию австриягиҳо ба фатҳи қуллаи Дҳаулагири даст ёфт.
  • Ҳарчанд фаронсавиҳо даъво карданд, ки аввалин фотеҳони қуллаи баландтаринанд, вале дар асл чунин набуд. Пештар аз онҳо соли 1924 Эдвард Нортон (кӯҳнавард ва афсари британиёӣ) бо мақсади расидан ба Эверест 8570 метр боло рафт. Ҷорҷ Мэллори ва Эндрю Ирвин (кӯҳнавардони британиёӣ) бошанд, қуллаи 8600 метрро тай карда буданд.
  • Баъди заминларзаи Непал дар соли 2015 қуллаи Аннапурна тақрибан 20 сантиметр баланд шуд.

  

Эйгер

ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши охир)Эйгер кӯҳе дар Алп бо баландии 3970 метр аз сатҳи баҳр. Эйгер муддати солҳои тӯлонӣ як макони барои кӯҳнавардон ҷолиб арзёбӣ шудааст ва ҳоло барои расидан ба қуллаи он бештар аз 20 хати ҳаракат муайян карда шудааст.

Аввалин маротиба қадами инсон ба қуллаи Эйгер 11 августи соли 1858 расидааст ва онҳо коммерсанти ирландӣ Чарлз Баррингтон ва ҳамроҳонаш роҳбаладони гринделвалдӣ Кристиан Алмер ва Питер Борен буданд.   

Шояд шумо суол кунед, ки ин қулла ақалан чор ҳазор метр баландӣ надорад, пас чаро хатарнок номида мешавад? Гап сари он ки бо вуҷуди паст будани қулла он мушкилгузар аст ва баробар ба қуллаҳои 8 ҳазорметрӣ хатарнок мебошад. Муддати дурудароз ҳама талошҳои кӯҳнавардон барои расидан ба он ба нокомӣ анҷомид.

Гап сари он ки дар қисми охирини масир пиряхҳо ва сангрезаҳо ба сари кӯҳнавардон мебориданд ва ҳаракати онҳоро ба боло мушкил мекарданд. Эйгерро ҷаҳаннами яхӣ меноманд, ки то ба ҳол на ҳамаи кӯҳнавардон муваффақ шудаанд ба он расанд.  

Баннтҳо-Бракк

ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши охир)Кӯҳсанги Қароқурум дар Покистон, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи кӯҳнавардон будааст. Аммо дар миёни қуллаҳо он қуллае бо баландии 7285 метр қуллаи душворгузару марговар вуҷуд дорад.

Аз ҳама талошҳои расидан ба ин қулла танҳо се талош муваффақона будааст ва он ҳам дар фосилаи замонии дур.

Бори аввал соли 1977 кӯҳнавардони Британияи Кабир Даг Скотт ва Крис Бонингтон ба ин қулла даст ёфтанд.

Бори дуюм соли 2001 ба Урс Штокер, Иван Волф ва Томас Хубер муяссар гардид, ки ин қулларо фатҳ кунанд.

Ва ниҳоят амрикоиҳо Кайл Демпстер ва Хайден Кеннеди 21 августи соли 2012 аз фатҳи қулла хабар доданд. 

Аз он ки кӯҳнавардони зиёде нарасида ба қуллаи мақсуд ҳалок шудаанд, онро кӯҳи “одамхӯр” ҳам меноманд. 

барчасп: 
Мо дар Telegram