Дар Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи футболи хурд баргузор мешавад, менависад сайти донишгоҳ. Чорабинӣ 20 март аз соати 15:00 то 23:00 баргузор мешавад.
Дар он дастаҳои донишгоҳҳои Уляновск ширкат меварзанд, ки дар онҳо намояндагони Тоҷикистон, Туркманистон, Гвинея-Бисау, Ангола, Ироқ, Миср ва Яман бозӣ мекунанд.
Мусобиқа бори чорум аст, ки баргузор мешавад: ташаббус ба донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии давлатии Уляновск аз Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар озмун беш аз 80 нафар донишҷӯён ширкат меварзанд.
Хоҳишмандон метавонанд мусобиқаро тамошо кунанд ва варзишгаронро дастгири кунанд. Даромад ройгон аст, доштани ниқобҳои тиббӣ ҳатмист.
Мусобиқа бо суроғаи: Ульяновск, кӯч. Северний Венетс, 32, Маҷмааи иншооти варзишии дарунӣ (бинои №2). Маълумоти иловагиро аз Хадамоти дастгирии маъмурию ҳуқуқӣ ва мутобиқсозии иҷтимоии Институти байналмилалии УлСТУ гирифтан мумкин аст. Тел. / Факс: +7 (8422) 778-192, +7 905 035 8505 (Шамсутдинов Эмил Ҷавитович).