Донишҷӯёни Донишгоҳи Славянӣ «Масленитса»-ро ҷашн гирифтанд

12 март, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар ҷашни «Масленитса» (иди анҷом зимистон ва пешвози баҳор дар Русия) дар Донишгоҳи Славянии Русия-Тоҷикистон ширкат варзид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сафорат. 

Донишҷӯёни факултетҳои гуногун дастархони хӯрокҳои болаззат ва дигар ғизоҳоро гузошта, дар атрофи он сурудҳои халқии русӣ хонда рақсиданд. 

Сафири Русия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов ва ректори Донишгоҳи Славянӣ Т.А.Хоҷазода донишҷӯён ва омӯзгоронро табрик гуфта, ба ҳамагон дар ин рӯзи офтобӣ ва баҳор шодмонӣ, некӣ ва рӯҳи болида таманно карданд.

«Ин бори аввал нест, ки ман дар ҷашни Масленитса дар ин донишгоҳ иштирок мекунам ва мехоҳам бигӯям, ки имрӯз ман аз омодагии донишҷӯён ва омӯзгорон ба ин ҷашн таассуроти хоса гирифтам. Донишгои славянӣ чун ҳамеша рақами як аст! Ба қарибӣ боз як ҷашни дигар — Наврӯз меояд, ки он низ рамзи поёни зимистон ва оғози баҳор аст. Боварӣ дорам, ки он низ хеле хуб ва дар сатҳи олӣ таҷлил карда мешавад », — гуфт И.С.Лякин-Фролов дар сухани мухтасари худ. 

Гурӯҳи фолклории «Славяне»-и донишгоҳ тибқи анъанаи аллакай муқарраршуда ба меҳмонон суруд ва рақсҳои халқии русро пешкаш кард.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Славянӣ "Масленитса"-ро ҷашн гирифтанд

Дар Душанбе тамоюлҳои журналистикаи муосири тоҷик баррасӣ шуданд

Мо дар Telegram