Донишҷӯён аз Тоҷикистон барои рушди як хоҷагии шаҳрӣ барои 10000 доллар рақобат хоҳанд кард

Донишгоҳи техникии шаҳри Томск бори нахуст дар Россия озмуни байналмиллалӣ миёни донишҷӯён бо номи Urban Greenhouse Challenge: Reforest, мегузаронад, хабар медиҳад Vtomske.ru. 

Донишгоҳ қайд кард, ки дар байни иштирокчиён намояндагони 12 давлати ҷаҳон: Русия, Португалия, Қазоқистон, Нигерия, Эрон, Ливия, Фаронса, Италия, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Шри-Ланка низ ҳастанд. Ва хусусияти асосии дастаҳо байнисоҳавӣ номида мешуд: онҳо иштирокчиёнро аз самтҳо ва соҳаҳои гуногуни дониш гирд оварданд.

Дастаҳо бояд дар офаридан ва рушди комплексҳои инноватсионӣ барои парвариши ҳаҷми зиёди дарахтони сӯзанбарг ва барг дар растаниҳои бисёрқабата ширкат варзанд. Иштирок дар озмун имконият медиҳад, ки дар як вазифаи муҳим кор карда, дар ояндаи устувори сайёра саҳм гузоранд. Фонди мукофот 10 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Кор онлайн, дар ҳамкорӣ бо мутахассисон сурат мегирад.

Қарор аст натиҷаҳои озмун моҳи июни соли 2021 эълом шаванд.

Донишҷӯён аз Тоҷикистон барои рушди як хоҷагии шаҳрӣ барои 10000 доллар рақобат хоҳанд кард

Дар Тоҷикистон стипендияҳо боз зиёд мешаванд

Мо дар Telegram