Донишҷӯи тоҷик устодашро бо корд захми кард

Донишҷӯи тоҷик устодашро бо корд захми кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамлаи як донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба декани факултаи менеҷменти байналмилалӣ ва маркетингро шарҳ дод. Дар натиҷаи ин ҳодиса, ки рӯзи 28 январ рух дод, декан Музаффар Имомназаров ба шикамаш корд хӯрд ва дар беморхона бистарӣ шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Донишҷӯи тоҷик устодашро бо корд захми кард
Устод Музаффар Имомназаров

Қаблан як манбаъ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки донишҷӯ имтиҳонҳоро нагузаштааст, барои он декан падари ӯро барои сӯҳбат даъват кардааст. Хабар дода мешавад, ки пас аз он донишҷӯ деканро бо зӯроварӣ таҳдид кардааст.

Нарзулло Салохов, муовини декани факултаи менеҷменти байналмилалӣ ва маркетинг гуфт, ки Музаффар Имомназаров дар Маркази миллии тиббӣ бо номи беморхонаи Қараболо ду амалиёти ҷарроҳӣ гузаронд, ки якумаш чор соат ва дуввумаш панҷ соат давом кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳаёти декан дар хатар нест.

Донишҷӯи тоҷик устодашро бо корд захми кард
Донишҷӯ Давлятов Айниддин

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки алайҳи як донишҷӯ — Давлятов Айниддин Нуриддинович санаи таваллудаш 10.08.2000 зодаи Шӯрои деҳаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вай бо моддаи сӯиқасд ба ҷони одам боздошт шудааст, тафтишот идома дорад.

Музаффар Имомназаров, доктори илми иқтисод, аз 1 феврали соли 2019 ба ҳайси декани факултаи менеҷменти байналмилалӣ ва маркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор мекунад.

Мо дар Telegram