ДОНИШ. Ҳавзи пурхатартарини олам. Обшори Виктория

ДОНИШ. Ҳавзи пурхатартарини олам. Обшори Виктория

Обшори Виктория як обшори табиӣ дар ҷануби қораи Африқо, ки бар рӯи рӯдхонаи Замбезӣ ва бар рӯи хати марзии Замбия ва Зимбабве қарор дорад.  Дарозии обшори Виктория  тахминан 1800 метр ва баландии он 120 метр мебошад.  Мегӯянд садои онро метавон дар масофаи 40 километр шунид ва қатраҳои парешони вай то 400 метр боло мехезад ва аз масофаи 50 км ҳам дида мешавад.

Аввалин касе аз ҷумлаи сокинони Аврпуо, ки ба ин обшор расид ва онро барои ҳамватанони худ кашф кард, ҷаҳонгард ва муҳаққиқи шотландӣ Дэвид Ливингстон буд, ки 16 ноябри соли 1855 аз ин обшор дидан кард ва онро ба шарафи малика Виктория (Малика Виктория ё Александрина Виктория подшоҳи муттаҳиди Британияи Кабир ва Ирландия буд, ки солҳои 1819 – 1901 зистааст. Вай 63 солу 7 моҳу 2 рӯз дар Британия подшоҳӣ кардааст). обшори Виктория ном гузошт. Вай дар мавриди ин обшор дар хотироташ навишт: “Касе наметавонад зебогии ин обшорро ба он чизе, ки то кунун дар Англия дидааст, монанд кунад. Ин манзараро чашми аврупоиён то кунун надидааст. Ин макон ба ҳадде зебову назаррабост, ки онро шояд танҳо фариштаҳои дар ҳоли парвоз метавонанд бубинад”.

ДОНИШ. Ҳавзи пурхатартарини олам. Обшори ВикторияЧуноне ёдовар шудем, Ливингстон ба шарафи маликати Британия обшорро номи инглисӣ дод. Аммо то ӯ сокинони бумӣ ин обшорро Mosi-oa-Tunya“Бухори хурӯшон”  меномиданд.  Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳарду номро барои ин обшор ба расмият шинохтааст

Аммо баъди Ливингстон муддати басо тӯлонӣ каси дигар ба ин обшор нарафт, то замоне, ки соли 1905 то ба он хати роҳи оҳан кашида шуд. Ҷолиб он аст, ки мавсими хушк, ки дар ин минтақа аз моҳи сентябр то декабр идома мекунад, сатҳи об дар рӯди Замбезӣ поин меравад ва дар як қисмати бештари обшор метавон бемалол гардиш кард. Аммо дар вақтҳои дигар Виктория басо хатарнок аст. Дар ин нуқтаи олам ҳалокати одамони зиёде ба қайд гирифта шудааст. Ҳангоми оббозӣ дар обҳои ҳавза одамон мелағжанд ва ин лағзиш онҳоро то ба ҳадди марг мерасонад. 

ДОНИШ. Ҳавзи пурхатартарини олам. Обшори ВикторияАммо ин ҳам барои ошиқони сайру саёҳат ва обу оббозӣ монеъ шуда наметавонад. Яке аз ҷозибаҳои Виктория ин ҳавзи табиӣ мебошад, ки бараш тақрибан 10 метр буда, канори ҷазираи Ливингстон ҷойгир аст. Онро аз вартаи бетаг танҳо як девори борику камбар ҷудо мекунад. Беҳуда нест, ки ин маконро “Ҳавзи шайтон” ҳам меноманд. Шиногар бо вуруд ба обҳои ҳавз эҳсос мекунад, ки танҳо тӯфоне аз об дар наздикии он парвоз мекунад. Ҳангоме об зиёд аст, ба ин ҳавз наметавон ворид шуд, зеро ҷараён метавонад шиноварро ба қаър партов кунад. Аз ин рӯ, сафарҳои тафреҳӣ ба ин макон маҳз аз моҳҳои тирамоҳ оғоз мешаванд, моҳҳои дигари сол ба он намешавад наздик рафт. 

барчасп: 
Мо дар Telegram