ДОНИШ: Дар бораи хоб чӣ медонед?

ДОНИШ: Дар бораи хоб чӣ медонед?

Чаро дар бораи хоб менависем? Хоб ҳам метавонад як сабаби хатар ба ҷони инсон дар ҳолатҳои фавқулода бошад. Аксари офатҳои табиӣ шабонгаҳон, вақте инсонҳо дар хоби нозанд, рух медиҳанд. Инсон хоб аст, ки замин ба шиддат меларзад. Хоб аст, ки борони шадид сел меорад ва ҳавливу дари одамонро пахш мекунад. Хобем, ки аз тармаву ярч осеб мебинем. Ба ронанда ҳангоми сафар хоб пирӯз мешавад ва мошин сарозер мешавад ба ҷарӣ ё бармехӯрад ба харсанги с ари роҳ… Ин гуна мисолҳо басо зиёданд. Ва дар ин мақолаи кутоҳ дар бораи асрори хоб менависем.

Инсон аз се як ҳиссаи умрашро ба хоб мегузаронад. Ва ин чандон зиёд ҳам нест. Ҳайвоноти ваҳшӣ ва хояндаҳо ду ҳисса аз умрашон бо хоб мегузарад, коҳилак (ҳайвони дарахтгарди Амрикои Ҷанубӣ) ва зиреҳпӯст (ҳайвони дуруштпӯсти ширхӯр дар Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ) аз панҷ чор ҳиссаи умри худро сарфи хоб мекунанд.

Барои организм хоб чӣ лозим? Одитарин ва содатарин посух ин аст: барои истироҳати мағзи сар. Аммо чуноне олимон исбот кардаанд, ҳангоми хоб мағзи сар на танҳо истироҳат намекунад, балки бештар аз ҳар вақти дигар кор мекунад. Ҳатто дар ҳоли хоби сахт мағз метавонад ба таъсироти беруна посух диҳад. Баъзан онҳо табиатан ба сужае аз хоббинӣ табдил мешаванд. 

Ҳанӯз Арасту дар замони худ мушоҳида карда буд, ки агар ба одами хоб манбаъи гармӣ наздик бурда шавад, вай оташро хоб мебинад. Баъзан одамон посухи суолҳоеро, ки дар бедорӣ меҷӯянд, дар хоб пайдо мекунанд. Масалан, Дмитрий Менделеев “калиди” системаи даврии унсурҳои кимиёвиро дар хобаш пайдо кард, кимиёшинос Фридрих Кекуле дар бораи сохтори силсилавии молекулаҳои бензол вақте пай бурд, ки мореро хоб дид, ки думи худро мегазид. 

Одаме, ки муддати дурудароз аз хоб маҳрум мешавад, ашёи атрофашро гӯё дар оинаи каҷ, аз миёни тумани хира мебинад. Вай руъёро дар амал мебинад. Бехобии дурудароз (бештар аз 10 рӯз) метавонад ба марг оварда расонад. Рекорди ҷаҳонии бедорӣ, ки ба “Китоби Гиннес” дохил шудааст, 12 шабонарӯз (288 соат) мебошад. 

Барои баъзе одамон ним меъёри хоб ҳам кофист. Ин гуна шахсонро таърих зиёд ёд дорад, аз ҷумла Пётри 1, Наполеон Бонапарт, Томас Эдисон. Назми шабонарӯзии хоб барои аксари одамон то 8 соат ва назми бедорӣ то 16 соат аст. Аммо ин назм мисли одати тамоми умр аст. Назми табиии инсон табдили се-чор соати хоб ва ҳамин миқдор бедорист (чуноне дар кӯдакони ширмак дида мешавад). 

ХОБИ ЗУД ВА ОҲИСТА

ДОНИШ: Дар бораи хоб чӣ медонед?Мушакҳои одами хуфта суст мешаванд, набз низ суст мешавад, нафаскашӣ мураттаб сурат мегирад. Ин гуна хобро олимон хоби хоби оҳиста меноманд. Аммо одами хоб бедор нашуда, аз паҳлу ба паҳлуи дигар мегардад, нафаскашиаш тез мешавад. Баъзан инсон дар хобаш ҳарф мезанад. Ин хоби зуд ва парадоксалӣ, хоб – марҳилаи хоббинӣ аст. Ҳайвонот ҳангоми хоби зуд, чашмонашон бидуни он ки кушода шавад, ҳаракат мекунанд, ҳамчунин гӯшашон, думашон меҷунбанд, панҷаву чанголашон гоҳ-гоҳ меларзад. 

Агар одамро дар ин гуна хоб бедор кунанд, вай дар бораи хоби дидаи худ нақл мекунад. Тақрибан ҳамаи одамон хоб мебинанд, вале субҳ ба муҷарради бедор шуданд аксаран онро фаромӯш мекунанд. Дар тӯли шаб хоби оҳиста барои ҳар одам 4-5 маротиба ба хоби зуд табдил мешавад. Агар дар тӯли умраш инсон муддати 25 сол хоб кунад, тақрибан 5 соли он хоб мебинад.

Дар обхокиҳо (дузистон ё ҳайвони дубаҳра) ва хазандагон хоб ҳоло ба марҳилаи зуд ва оҳиста ҷудо нашудааст. Хоби зуд барои парандагон ҳамагӣ 5-15 сония идома мекунад. Бино ба таҷрибаҳои гузаронидашуда, дарозтарин муддати хоббинии одам 2 соату 23 дақиқа идома дошт. 

Вақте ба гурбаҳои таҷрибавӣ нагузоштанд, ки хоб бинанд, вале ҳамзамон ба хобашон халал нарасонданд, дар ҳоли бедорӣ мубталои таваҳҳум (галлютсинатсия) шуданд-онҳо дунболи ашёи мавҷуднабуда медавиданд.  Таваҳҳум ба одамон низ рух дод. Дар ин ҳол хотираи онҳо заъиф мешавад. Тахмине вуҷуд дорад, ки ҳангоми хоби зуд дар хоббинӣ инсон гӯё барои худ ҳолати амалии ҳаётро аз даст медиҳад ва онро ба хотира мустаҳкам мебандад. Айнан ҳамин тавр ҳангоми бозӣ кӯдак маълумотҳо дар бораи ҳаёти воқеъиро дар хотироташ сабт мекунад. Барои бачаҳои то 10-15 — сола ҳиссаи хоби зуд бештар аз бузургсолон аст. Навзодҳо бошанд, комилан бо хоби зуд фурӯ мераванд. 

Хоби ҳайвонот

ДОНИШ: Дар бораи хоб чӣ медонед?Одам ё ҳайвони хуфта луқмаи тайёрест барои душманони он. Аммо агар инсон дар тӯли таърихи дарози тамаддуни башарӣ бо таъмини амнияту бехатарӣ роҳҳои муносиби “ором хуфтан”-ро пайдо карда бошад, вале дар бораи аксари ҳайвонот наметавон инро гуфт. 

Танҳо ҳайвоноти ваҳшии бузурҷусса метавонанд оромона бихуспанд, чун онҳо аз чизи дигар бим надоранд. Ҳайвоноти галагард бо навбат мехобанд ва барои таъмини амнияти худ посбон мегузоранд. Парандагон маъмулан рост истода мехобанд, дар ин ҳол онҳо бо чанголҳои худ аз шохи дарахтон ё симпораҳо медоранд. Чаро вақте баданашон сусту заъиф мешавад, онҳо ба замин намеуфтанд? Маълум мешавад, ки баръакс чанголи сустшудаи паранда шохаро сахттар медорад. Баъзан дар шохаҳои дарахтон парандаҳои мурдаро ҳам дидан мумкин аст, ки чанолашон дар ин ҳол сахт аз шох доштаанд. Вақти хоб ҳарорати бадани парандаҳо ду баробар паст мешавад. Дар ҳимоя аз сардӣ онҳо парҳояшонро сих мекунанд, сарашонро зери болашон панаҳ мекунанд ва баъзе намуди достакҳо зери кураи бузург ҷамъ мешаванд. Тюленҳо дар бисёр ҳолатҳо зери об мехобанд, аммо дар ҳамин ҳол ҳам ҳар 5 дақиқа пас ҳатто чашмонашонро боз накарда ва бедор нашуда, ба болои об мебароянд, то шушашонро аз ҳаво пур созанд. Хоби делфинҳо хеле ҷолиб аст. Маълум мешавад, ки дар онҳо нимкураи чапу рости мағзашон бо навбат мехобад! Ба шарофати ин делфинҳо метавонанд шабонабарӯз бидуни танаффус ва хастагӣ шино кунанд. 

 Муддати дароз чунин ба назар мерасид, ки бо вуҷуди фарзияҳои гуногун ба одамон муяссар нахоҳад шуд дақиқан донанд, ки ҳайвонот чӣ гуна хоб мебинанд. Бори аввал соли 1979 ба табатшиноси фаронсавӣ Мишел Жуве муяссар гардид, ки хоби ҳайвонотро “бубинад”. Дар хоб мо бисёр вақт ҳаракатҳои худ, давидан, ким-кадом амалро мебинем, аммо дар асл дар ин ҳолат мо тамоман беҳаракатем. Фармонҳое, ки мағз ба мушакҳо медиҳад, аз тариқи ширкаткунандаи махсус “ба муҳосира” гирифта мешавад. Ба Жуве муяссар шуд, ки дар гурбаҳои таҷрибавӣ ин муҳосираро барҳам занад. Ба дигар маънӣ, Жуве ин гурбаҳоро шабгард кард. Ҳангоми хоби оҳиста ҳайвонот беҳаракат шуданд. Аммо баъдан “марҳилаи тез” шуруъ шуд. Гурба аз ҷой бархост, атрофро аз назар гузаронд ва паси қурбонии вуҷуднадошта ҳаракат карда, поида-поида худро болои он ҳаво дод ва мегазиду бо нохунҳояш медошт. Дар ин ҳол ба мушҳои воқеъӣ таваҷҷуҳ намекард. Гурба дар ин ҳолат бо ким-кадом “душмани қавӣ” “дасту панҷа нарм мекард” ва ким-кадом таоми тасаввуриро шалап-шалат мехӯрд. 

Инҷиқии шоҳона

ДОНИШ: Дар бораи хоб чӣ медонед?Шаҳбонуи Мадагаскар Ранавалона ба дарбориёнам манъ кард, ки бе иҷозат ба хоби ӯ надароянд. Вале онҳо “итоат накарданд” ва ҳамеша дар хоби ӯ пайдо мешуданд. Он вақт шаҳбону афродеро, ки ба амраш итоат намекарданд ва бе иҷоза ба хобаш медаромаданд, ҷазо медод. 

Хоби сакта

Хобе, ки чанд рӯз ва ё чанд моҳ идома мекунад, хоби сакта меноманд. Ин ҳолат барои одамон дар натиҷаи мубтало шуданд ба чандин беморӣ ба вуҷуд меояд. Дарозтарин хоби сакта хоби Надежда Лебедина буд. Соли 1954 баъди як муноқишаи оилавӣ Надеждаи 34-сола хобид ва танҳо соли 1974 бедор шуд. Яъне, хоби ӯ ду даҳсола идома дошт.   

Таҳияи Б.Шафеъ

барчасп: 
Мо дар Telegram