«Домулло шав!» — мегуфтанд, бобоям.

"Домулло шав!" - мегуфтанд, бобоям.

Ман ду бобо дорам, яке ошпаз, дигаре домулло.

Шукри Худо ҳардуяшон ҳам, дар қайди ҳаётанду ба ҷамъият нафъашон хеле зиёд расидаасту мерасад. Дар ду хел муҳит ба воя расидаам. Замони кӯдакӣ бобои Домуллоям мегуфтанд, ки олим ё домулло шав. Ростӣ, ман аз кадом сабабе хоҳиши бобоямро рад кардам.

Аммабачаҳоям дар синни 14 — солагӣ, Қорӣ, яъне Ҳофизи Қуръон шуда буд. Бобоям Ӯ (Умархон) — ро таъриф мекарданд ва ӯ бо овози баланди ширин барои мо Қуръон қироат мекард. Ман ҳайрон мешудам, ки чи хел дар ин синну сол пурра Қуръони Каримро аз ёд кардааст? Ман дар назди онҳо шарм ҳам, медоштам…

Солҳо гузашту бобоям дигар хел пешниҳод карданд : «Ҳамин инженер мӣ ё ягон олими дигар шав, мон»
Ҳозир нағз фикр карда бенам, дуруст интихоб карда, ба донишгоҳи техникӣ даромадам. Агар ман домулло ё ягон олими динӣ мешудам…

Ҳоло бештари амалҳоям хатост, аммо…

Мо дар Telegram