Домод «Арӯс»-и бачаҳои қишлоқ будааст

Домод "Арӯс"-и бачаҳои қишлоқ будааст

Духтараке сараввал ба почтаи электронии мо навист, то ки ба ӯ занг бизанем, пасон тавассути телефон аз қиссаи худ нақл кард:

— Ман дар оила фарзанди хурдӣ ва духтари ягона ҳастам. Аз рӯйи нақли бибиам падару модарам ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шуда будаанд. Худованд ба онҳо паиҳам се шоҳписар дода бошад ҳам, дар орзуи духтар будаанд, барои ҳамин вақте ман ба дунё меоям, ош карда ба тамоми маҳалла тӯй медиҳанд. Дар як деҳаи дурдасти куҳӣ зиндагӣ кунем ҳам, шукри Худо зиндагиамон серу пур аст, вале тақдир бераҳмӣ карда, модарамро бармаҳал аз мо рабуд. Вақте ки модарҷонам аз касалии саратон вафот кард, мани сарсахт ҳамагӣ 15 сол доштам. Имрӯз аз даргузашти модарам се сол гузашта бошад ҳам, то ҳол ба худ наомадаам. Дилам ба ёди модарҷонам гум мезанад, тез-тез дарро аз дарун маҳкам карда, соатҳои дароз барои модари ҷавонмаргам зор-зор гиря мекунам, вале тақдирро тадбир набудааст.

Духтарак оҳи сӯзоне кашида, нақлашро идома дод:

— Бори гарони зиндагӣ баъди сари модари ҷавонмаргам ба сарам бор шуда бошад ҳам, шикояте надоштам, то он рӯзе, ки падарам маро бо як ҷавони ҳамдеҳаамон фотиҳа кард. Дар бораи домодшаванда дар деҳаамон гапҳо бисёр буданд. Ҳамсояҳо мегуфтанд, ки қобилияти мардӣ надораду бачаҳои қишлоқ ӯро ҳамчун “арӯс” истифода мебаранд, вале ман ин ҳама сару садоҳоро дар ҳаққи номзадам туҳмат мепиндоштам. Гумон мекардам, ки бо ҳамин роҳ дили маро хунук кардан мехоҳанд, вале овозаҳо рост баромаданд. Рӯзе ба лаби чашма обгирӣ рафта шоҳиди манзарае гаштам, ки ба гуфтанаш забони кас намегардад. Бачаҳои деҳа дар як ҷо гирд омада касе ё чизеро ҳалқавор печонида буданду садои хандаашон ба гӯш мерасид. Гумон кардам, ки ягон чизи аҷоиб ёфтаанд. “Аҷиб, чӣ бошад?” гӯён, наздиктар рафтам ва… Худоё, ба гуфтани он чи ки бо ду чашми сарам дидам, забонам намегардад… 5-6 нафар ҷавонмардони синну солашон гуногуни деҳаамон яке аз ҳамҷинсонашонро бо навбат таҷовуз мекарданд. Тасодуфан чашмам ба “арӯс”-ашон афтиду ҳуш аз сарам парид. “Арӯс” ҳамон ҷавоне буд, ки маро бо ӯ фотиҳа карда буданд ва бояд баъди чанд моҳ шавҳарам мешуд…

Овози духтарак аз шиддати эҳсосот меларзид. Ҳис карда мешуд, ки дар ҳолати душвори равонӣ, ки табибон онро стресс менамонад, қарор дорад. Ҳарчанд кӯшиш мекардем, барои таскин доданаш сухане намеёфтем.

— Шумо тасаввур карда наметавонед, ки бо дидани он манзараи нангину нафратовар мани 18- сола ба чӣ ҳолат афтидам. Хаёл кардам, ки корде ба синаам халида, диламро бераҳмона пора-пора кард ё якбора пояи гунбади гардун канда шуду осмон ба сарам чаппагардон шуда, маро дар зери бори гаронаш маҷақ намуд. Чашмонамро чанд бор бо кафи дастонам молидам, ба умеде, ки ин манзара хоб ё руъёи ногувору даҳшатнокест, ки ман мебинам, вале… Билохира дарк кардам, ки ин шармандагиро на дар хоб, балки дар бедорӣ дида истодаам ва дар ҳақиқат номзади ман мард не, як ҳаромхиштаки касиф ва бе нангу номус будааст. Забонам лол гашта, пойҳоям дигар ба ман итоат намекарданд. Сарам мисли хонаи замбӯр ғуввос мезад. Намедонистам чӣ кор кунам, на ёрои фарёд задан доштаму на қудрати ҳарфе ба забон овардан, дидани ин манзараи нафратовар маро ба як тахтасанги безабон табдил дода буд.

— Фотиҳаро баъди дидани он манзараи нангин гардондед?

— Не. Зориву таваллои бисёре карда бошам ҳам, падарам “аз фотиҳа гаштан хосияти хуб надорад” гӯён, маро зӯран ба ҳамон ҳаромхиштак додан мехоҳад. Модар надорам, ки дарду алами диламро бигӯям, ба падарам бошад, ин ҳақиқати нангинро фаҳмонда наметавонам. Шарм медорам, охир ман духтар ҳастам, чӣ хел гӯям, ки бо чашми худам дидам, ки бачаҳои қишлоқ домоди ёфтаатонро …. мекарданд?! Ҳарчанд бо роҳҳои гуногун ишора мекунам, ки гапу калочаҳои мардум дар бораи домодшаванда беҳуда нестанд, мӯйсафед маро фаҳмида наметавонад ё қасдан худро ба нодонию нофаҳмӣ мезанад. Бовар кунед, корам шабу рӯз гиря кардан аст. Саломатиамро аз гиряву нола ва фикру андешаи бисёр аз даст дода истодаам. Як поям худ аз худ аз кор монда истодааст. Падарам маро ба назди чандин табибони номдор бурда бошад ҳам, касе сабабашро наёфт. Яке мегӯяд, ки поямро сармо задааст, дигарӣ бемориро ба асабам нисбат медиҳад. Имрӯзҳо бо асобағал гашта истодаам, метарсам, ки тамоман аз по афтида намонам. Ҳоли зорамро танҳо худам медонаму Худованд. Росташро гӯям, чанд бор хостам даст ба худкушӣ зада аз ин “мараз” халос шавам, вале аз тарси ҳаром мурда, фардои қиёмат ба ғазаби Парвардигор гирифтор шудан боз гиребони тавба доштам, чунки духтари қуръонхон ҳастам ва панҷ вақт намозамро тарк намекунам. Илтимос, дарди дили маро дар газетаатон чоп кунед, шояд ягон кас ба мани дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрону зор монда ягон маслиҳати судманд медиҳад!

Аз «Оила»

Мо дар Telegram