Дидорбинии кормандони ВКД аз намоишномаи театрӣ

1187

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги ҳайати шахсӣ 8-уми январи соли равон роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ намоишномаи саҳнавиро, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ба намоиш гузошта шуда буд, тамошо намуданд.

Ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо маҳорати баланди ҳунармандӣ тавонистанд саҳнаҳои ҷолиби диққату маърифатиро пешкаши тамошобинон гардонанд. Оркестри созӣ-нафасии муассисаи мазкур низ бо навозиши оҳангу навои дилошӯб тавонистанд ба нақшофарии ҳунармандони театр тароват бахшанд.
Пас аз анҷоми намоиш, роҳбарияти театри мазкур ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои таваҷҷуҳи рӯзафзун ба фарҳангу маънавиёт ва ниёгонамон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

1188118914271190

Дар навбати худ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳунармандони театр барои таҳияи саҳнаи ҷолибу дидани изҳорӣ миннатдорӣ намуда ваъдаи онро доданд, ки боз аз дигар намоишномаҳои ҷолиби театрӣ
дар ояндаи наздик дидан намоянд.

Мо дар Telegram