Дастури Эмомали Раҳмон барои иди Навруз

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи корӣ барои таҷлили иди миллии Наврӯз дастур доданд. 

Дар ҷаласа аъзоёни ҳукумат муовинони сарвазир, мушовирони президент, вазорату идораҳои давлатӣ низ иштирок доштанд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Президент дастур доданд, ки Иди Наврӯз бояд бе шукуҳу ҳашамат ва харҷҳои зиёдатӣ гузарад. Чунин амал на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ балки дар дохили вазорату мақомотҳову, муассисаҳои таълимӣ низ риоя карда шавад.

Ҳамчунин дар машварат масъалаҳо вобаста ба маъракаи кишту кори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Дастури Эмомали Раҳмон барои иди Навруз

Иҷозати Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлили он дар Москва

Мо дар Telegram