Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар “Ҷоми рушд-2021” ғалабаи дувумро ба даст овард

Дастаи мунтахаби наврсони то 17 солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Мински Беларус ба ғалаби дуюм ноил шуд.

Ин бор шогирдони Аҳлиддин турдиев бо ҳисоби калони 5 бар 1 ҳамсолони худ аз Ҷумҳурии Молдоваро шикаст доданд.

Голҳои наврасони Тоҷикистонро Ҳукмиддин Шомуродов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷӯрабекзода ва Сунатулло Азизов заданд.

Дар даври якуми мусобиқа дастаи мунтахаби наврсони Тоҷикистон бо ҳисоби калонтари 7 бар 1 ҳамсолони худ аз Қазоқистонро мағлуб карда буд.

Акнун, дар даври ҷамъбастии мусобиқа, ки рӯзи 6 феврал баргузор мегардад, дастаи мо бо соҳибони майдон бозӣ – мунтахаби наврасони Беларус вомехӯрад. Ин бозӣ соати 17:30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

 

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск

Даври 2-юм

ТОГҶИКИСТОН (U-17) – Молдова (U-17) – 5:1

ГолҳоҲукмиддин Шомуродов, 28 (1:0). Хусрав Тоиров, 31 (2:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 35 (3:0). Асадбек Ҷӯрабекзода, 61 (4:0). Ботан Дан, 77 (4:1). Сунатулло Азизов, 87 (5:1).

3 феврал. Минск. Маҷмааи футболӣ.

Мо дар Telegram