Дастаҳои лигаҳои оливу якуми Тоҷикистон марҳилаи якуми иҷозатномадиҳиро мегузаранд

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии клубҳо бо роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов марҳилаи аввали корро оғоз намуд.

Дар арафаи мавсими нави футбол як гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии клубҳо иборат аз мутахассисони самтҳои гуногун ташкил карда шуд.

Тибқи нақшаи корӣ, комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ аз 3 то 17 феврал ба 24 дастаи лигаҳои олӣ ва якуми кишвар ташриф меорад.

Дар марҳилаи аввали иҷозатномадиҳӣ, комиссияи ФФТ ҳуҷҷатҳоро оид ба иҷрои талаботи муқаррароти иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби бошгоҳҳои лигаи олӣ аз рӯи меъёрҳои варзишӣ, инфрасохтор, кадрҳо, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ месанҷад.

Ҳамзамон, яке аз вазифаҳои асосии комиссия ин мулоқот бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо барои таҳлили футбол ва дастгирии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи саросари кишвар мебошад.

Дар рафти сафари худ комиссияи кории ФФТ, аз рӯи натиҷаи санҷиш ба бошгоҳҳои футболи мамлакат камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳоро ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи  зарурӣ нишон медиҳад.

Мо дар Telegram