Дастаҳои «Истиқлол» ва «Хатлон» ба даври

Баъд аз ба даст овардани ғалаба дар бозиҳои нимниҳоӣ, «Хатлог»-и Бохтар ва «Истиқлол»-и Душанбе ба даври финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 роҳхат гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

Бошгоҳи шаҳри Бохтар бар барандаи Ҷоми Тоҷикистон «Равшан»-и Кулоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. 
Бошгоҳи Душанбе «Истиқлол» бошад бар «Регар-Тадаз» бо ҳисоби 3:2 ғалаба ба даст овард.
Бозии финалии Ҷоми ФФТ-2021, дар варҳишгоҳи марказии пойтахт санаи 20 феврал баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки яке аз финалистон дастаи Истиқлол моҳи апрели соли равон дар лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар даври гуруҳӣ бо дастаҳои “Ал-Ҳилал” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб Ал-Аҳли” (АМА) ва ғолиби бозии “Ал-Ғарафа” (Қатар) ва “АГМК” (Узбекистон) бози хоҳад кард.

Мо дар Telegram