Дарёфти падидаҳои наврас

Дарёфти падидаҳои наврас24 феврали 2021 дар “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб“ дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб ва аъзоёни маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмуни “Рассоми беҳтарин“ баргузор гардид.

Муҳимтарин вазифаи озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон, кӯдакону наврасони болаёқат, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дар ҳамин замина ба воситаи расми беҳтарин насли навраси тоҷикро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ раҳнамун гардонидан мебошад.

Ҳакамони озмун барои расми беҳтарини зебову назаррас бахшида ба мавзӯҳои Модар, Ватан, Сулҳ, Ваҳдати миллӣ, ҷашнҳои ниёгон баҳои баланд дода, ғолибони озмунро бо “Ифтихорнома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.

Абдулҳакимзода Саодат,
корманди «Китобхонаи оммавии
вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»

Мо дар Telegram