Дар вилояти Суғд мулоқоти вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд

539

Рӯзи 6-уми апрел дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майори милитсия Улан Ниёзбеков баргузор шуд.

Зимни суҳбат дар фазои самимият, эътимод ва дӯстӣ доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду давлат баррасӣ шуданд. Дар мавриди кӯшишҳои муштарак бо мақсади мусоидат дар кори таъмини амният ва субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори дастгирӣ карда шуд.
Сипас, таҳти роҳбарии вазирони корҳои дохилии ду давлат вохӯрӣ дар ҳайати васеъ бо иштироки сардорони раёсатҳои соҳавии ду кишвар баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот тарафайн масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромарзӣ, инчунин масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.
Ба таҳкими робитаҳо байни роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздисарҳадӣ ва воҳидҳои соҳавии ду вазорат таваҷҷуҳи хос дода шуд.
Натиҷаҳои музокирот бори дигар алоқамандии тарафайнро ба рушди ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва омодагии онҳоро барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти чандинсола тасдиқ кард.

Мо дар Telegram