Дар вилояти Суғд 27 ҳазор гектар боғи зардолуро сармо зад

Баҳори барвақтӣ ва сармоҳои ногаҳонӣ мушкилоҳои зиёдеро ба деҳқонон овард. Зеро, ки дарахтони барвақт шукуфтаро аз барфу жолаҳо зарар диданд. Акнун имсол низ, деҳқонон беҳосил мемонанд.

“Тибқи ҳисобу китоби мо, ки гурӯҳи корӣ аз вазъи зардолузорҳои шаҳру навоҳии вилоят дидан намуданд, ҳудуди 27 ҳазор гектор боғи зардолу аз таъсири сардиҳо осеб дидааст”, — иброз намуд Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии Суғд. Дар ҳар гектар тақрибан аз 50 то 100 ниҳол шинондан мумкин аст.

27 ҳазор гектар боғҳои Айнӣ, Ашт, Б. Ғафуров, Конибодом, Зафаробод, Масчоҳ, Спитамен, Ҷ. Расулов ва Хуҷанди Суғд ба ҳисоб гирифта шудаанд.

“Гули дарахтоне, ки аз муғҷаҳо дертар шукуфтаанд, аз сардиҳо эмин мондаанд. Ба ин тартиб шояд аз 27 ҳазор гектор боғ 40 ё 50 % и гули зардолуҳоро хунук зада бошад”, — гуфт Маҳмудзода.

Соли гузашта низ барфи моҳи апрел дарахтҳои мевадиҳанда ва ба зироатҳо низ таъсири худро расонида буд.

Мо дар Telegram