Дар Тоҷикистон иҷозатномагири барои соҳибкорон осон шуд

Мушкилоте, ки соҳибкорон доим рубарӯ мешаванд, ки якеаш иҷозатномагирӣ барои фаъолият мебошад.

Баҳри татбиқи стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва стратегияи рақамикунонии иқтисод то соли 2040 вазорати саноати Тоҷикистон равзанаи ягона барои иҷозатномагириро таъсис додааст. 

Акнун барои оғоз намудании фаъолияти соҳибкорӣ, тиҷорӣ ва саноатӣ маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар сомонаи ijozatnoma.tj ворид намуда дар муддати кутоҳ метавонанд иҷозатномаи худро ба даст оранд.

Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон ба низоми ҳамаи пардохтҳо, аз он ҷумла андоз низ қадам гузошта истодааст. Барои бақайдгирӣ ҳамчун андозсупоранда имрӯз ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ дар саҳифаи andoz.tj номнавис мешаванд.

Мо дар Telegram