Дар Тоҷикистон боз як шабакаи нави телевизионӣ ба кор сар кард

Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ҳадафи аслии он тарғиби табиату фарҳанги кишвар ба хориҷиëн мебошад, расман ба фаъолияти худ оғоз намуд.

Ба иттилои Кумитаи телевизион, имрӯз дар як маросими вижа шабакаи телевизионии «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият оғоз намуд.

Дар расми ифтитоҳи ин муассисаи нав Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Таъкид шуд, ки шабакаи мазкур бо  техгологияҳои муосиртарин муҷаҳҳаз гардидаву қасд дорад, ки дар ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва ҷазби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм бигузорад.

Бояд гуфт, ки дар ду соли охир ин сеюмин шабакаи телевизионии давлатӣ дар кишвар аст, ки бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон таъсис ëфтааст. 

Қаблан шабакаҳои телевизионии «Илм ва табиат» ва  «Шаҳнавоз» ба кор шурӯъ намуда буданд. Аммо бар пояи таҳлилҳо мардуми кишвар бештар шабакаҳои телевизионии хориҷиро тамошо мекунанд.

Дар Тоҷикистон боз як шабакаи нави телевизионӣ ба кор сар кард

«Тоҷи Сомон». «Тоҷикфилм» аз таъсиси нахустин ҷоизаи миллии синамоӣ хабар дод

Мо дар Telegram