Дар соли 2020 аз вилояти Суғд 40 табиб ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд

Душанбе-Чаноқ: Ҳаракат барои мошинҳои боркаш маҳдуд шуд

Бинобар шадид ва давомдор будани бориши барф, ширкати роҳбони IRS бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди воситаҳои нақлиёт, барои гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва “Фура”- ҳо маҳдудият ҷорӣ кард.

Имрӯз ширкати мазкур дар километри 80-уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ тармаи калонҳаҷми фаромадаро, ки баландии он 10 ва паҳноияш 80 метр буд бартараф кардааст. Айни замон корҳо баҳри пурра рафъ намудани пайомади тармафароӣ идома дорад, омадааст дар иттилоияи ширкат.

Соли 2020 Тоҷикистон барои пардохти қарзи беруна 190 млн доллар аз буҷет пул гирифт

Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ зиёда аз 190 млн доллар пулҳои буҷетро масраф кард. Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла 124 млн доллар аз ҳисоби маблағҳои буҷет ба қарзи асосӣ ва 66,2 млн доллар – ба фоизҳои онҳо харҷ шуд.

Ҳаҷми қарзи беруна давоми соли 2020 ба миқдори 300 млн доллар афзуда, ба аввали соли ҷорӣ 3,2 млрд долларро ташкил дод, ки ба 41%-и ММД-и соли гузаштаи ҷумҳурӣ баробар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон соли ҷорӣ ният дорад, ки барои пардохти қарзи беруна (бе назардошти фоизҳо) ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ (133 млн доллар бо қурби имрӯза) маблағ равона кунад.

Президент қонуни нави артишро “барои ҳавасманд кардани шаҳрвандон ба хидмат” муҳим хонд

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш назди сарбозон ва афсарон аз шеваи нави хидмат дар артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нави хидмати низомӣ ёдовар шуд. Ӯ гуфт, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав “бо мақсади ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ” қабул шудааст.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”. Президент аз мақомоти маҳаллӣ тақозо кард, ки барои ташкили босифати хидмат дар артиш талош варзанд.

Бар асоси қонуни нав, барои онҳое, ки намехоҳанд дар артиш ҳатман хидмат кунанд, имкони пардохти пули хидмат фароҳам мешавад.

Суғд: 40 табиб ба муҳоҷирати корӣ рафтанд

Мақомоти танудурустии вилояти Суғд мегӯянд, дар як соли гузашта 40 пизишк аз ин қаламрав ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори бахши тундурустии вилояти Суғд, айни замон дар муассисаҳои ин минатақа табибони оилавӣ, анестезиологу реаниматолог, мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва ташхиси радиатсионӣ ва равоншиносону наркологҳо намерасанд.

Дар давоми соли 2020 дар вилояти Суғд 13 пизишк фавтидааст ва мақомоти беҳдоштӣ исрор меварзанд, ки марги ҳеҷ яки онҳо бар асари COVID-19 набудааст.

Барои дастгирии буҷет соли 2020 аз мададрасонони хориҷӣ 342 млн доллар дастрас шуд

Соли гузашта созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ 342 млн доллар (ҳудуди 3,6 млрд сомонӣ) маблағ доданд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар Вазорати молия қайд мекунанд, ки воситаҳои дастрасшуда ба маблағгузории бахшҳои афзалиятноки иҷтимоӣ равона гардиданд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки аз ҳисоби ин маблағҳо уҳдадориҳо оид ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ иҷро шуда, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳаҷми кумаки иҷтимоии унвонӣ ба қишри осебпазири аҳолӣ зиёд шуд, инчунин аз ин ҳисоб қарзҳои беруна пардохт шуда, ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод маблағгузорӣ сурат гирифт.

Боздошти ҷарроҳи беморхонаи нерӯҳои марзбонии КДАМ барои порагирӣ

Кормандони раёсати мубориза бо фасоди Тоҷикистон як ҷарроҳи бемористони марказии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии  кишвар Фаридун Мирзоевро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт карданд.

Барои сохтан ва додани санади қалбакии тиббӣ дар бораи бемор нишон додани яке аз сарбозон, табиб аз волидайни ӯ 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Табиб аз модари сарбоз 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва 2 ҳазор сомонӣ гирифта, ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда дастгир мешавад.

Нисбати ҷарроҳ бар асоси моддаи 324, қисми 1 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ӯро то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Сообщение Дар соли 2020 аз вилояти Суғд 40 табиб ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram