Дар Рӯзи матбуоти тоҷик панҷ нафар барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд

12.03.21Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҷамъомади идонае, ки имрӯз дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик доир гардид, барандагони  Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон намуд.

Соли равон панҷ нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот барандаи  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд.

Дар  бахши радио Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Худоёри  Валӣ аз радиои «Имрӯз», дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони «Тоҷикистон» тақдим гардид. Дар бахши матбуот се нафар — Ноилшо Нуралиев аз  ҳафтаномаи  «Омӯзгор», Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи «Мароми пойтахт» ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.

Бояд тазаккаур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  44 сол муқаддам, дар Анҷумани панҷуми  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правлениям Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  рушди  дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ  ва мукофотпулӣ супорида мешавад.

Ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нисбат додани Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин шоири шаҳири тоҷик яке аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён намудааст. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи тоҷик  ва аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд. 

АМИТ «Ховар»

12.03.21 112.03.21 212.03.21 412.03.21 3 

Мо дар Telegram