Дар Петербург мардеро барои «маска пушед» гуфтанаш куштанд.

Дар Петербург мардеро барои "маска пушед" гуфтанаш куштанд.

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия дар истгоҳи «Индустриальный проспект» ҷасади мардеро ёфтанд, муайян карда шуд, ки ӯро барои дар дохили микроавтобус ба ду нафар «Дар ҷои ҷамъиятӣ маска пушед» гуфтанаш куштаанд, мегуяд «ГУ МВД по СПБ и ЛО».

Марди кушташуда — замдиректори яке аз Маркази илмӣ будааст. Ҳамон шаб пас аз ҳамнишини бо ҳамкоронаш тавассути автобус ба хона мерафт. Дар дохили автобус 2 нафар, як марду як зан бе маска будаанд, ин мард ба онҳо гуфтааст ки дар ҷои ҷамъиятӣ бояд маска пӯшанд, ин сухан ба онҳо писанд наомадааст, дар натиҷа бо суханҳои дағалона ҳарсеашон аз дохили автобус ба берун баромадаанд. Мардро бо корча зада куштаанд.

Гумонбар дастгир карда шудааст — ӯ марди 40 сола аз Оренбург мебошад, пештар доғи судӣ доштааст аз сабаби фурӯхт ва истифодаи маводи мухаддир (наркотик).

Мо дар Telegram