Дар Москва шаби эҷодии Толибхон Шаҳидӣ баргузор мешавад

Tolibhon-SHahidiШаби эҷодии  оҳангсози тоҷику рус Толибхон Шаҳидӣ  29 апрел дар толори калони Консерваторияи Москва баргузор мешавад. Дар ин хусус писари муаллифи барҷаста Табриз Шаҳидӣ дар сафҳаи Facebook -и худ навиштааст.

«Ифтихор дорам, ки эълонномаи (плакати) консерти падарам, оҳангсоз Толибхон Шаҳидиро нашр мекунам. Мо интизори навгонии дигар дар барнома ҳастем, аммо ҳоло бениҳоят шодем, ки дар шаби эҷодӣ ва солгарди оҳангсоз ҳунармандони бузург ва маъруфи ҷаҳон, оркестри бошукӯҳи симфонӣ ва дирижёри афсонавии Театри Мариинский ширкат меварзанд. Ин барои оилаи мо рӯйдоди деринтизор аст», — зикр кардааст ӯ дар хабари худ.

Толибхон Шаҳидӣ — фарзанди оҳангсози маъруфи тоҷик, яке аз поягузорони мусиқии муосири классикӣ Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад.

Толибхон Шаҳидӣ — хатмкардаи Консерваторияи П.Чайковскийи Москва, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, узви Иттифоқи оҳангсозон ва синамогарони Россия, дорандаи медали тиллои Иттифоқи оҳангсозони Москва мебошад. Ҳоло ӯ дар Москва кор ва зиндагӣ мекунад.

Асарҳои бештар машҳури ӯ достонҳои симфонии «Ҷашнвора», «Садо», Симфонияи No2, Консерти гроссо No2, No3, Консерт барои фортепиано бо оркестри No3, операҳои «Ҳофизи оташ», «Амир Исмоил», операҳои афсонавии «Халифа — Лаклак», «Пакана — бинӣ», “Себҳои сеҳрнок”, “Нозанин ва аъҷуба”, балетҳои “Марги судхӯр”, “Рубоиҳои Хайём” ва “Юсуф ва Зулайхо” мебошанд.

 

АМИТ «Ховар»

Мо дар Telegram