Дар ҷаласаи Шурои Энергетикии ИДМ дурнамои ҳамкориҳои энергетикӣ баррасӣ шуд

Дар ҷаласаи 57-уми Шурои Энергетикии ИДМ  масъалаҳои меъёрӣ ва дурнамои ҳамкориҳои энергетикӣ  то соли 2030 баррасӣ шуд, хабар дод  хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. 

Аъзоёни Шуро ваколати раисии Комиссияи ҳамоҳангсозии амалиётӣ ва технологияи кори муштараки системаҳои энергетикиии Балтика ва ИДМ-ро дар соли 2020 ба анҷом расонданд ва ба вазифаи нави раиси Шурои Раёсати Оператори Системаи Ягонаи Энергетикии ҶСК Борис Аюевро таъин намуданд. Муҳлати фаъолияти Аюев дар солҳои 2020-2022 пешбини шудааст.

Зимни баррасии ҳамкориҳои энергетикӣ иштирокчиёни Комиссия тавсияҳо оиди пайвастагии технологӣ ба шабакаҳои барқии истеъмолкунандагони барқ, иншооти шабакаҳои барқӣ, рақамисозии иншооти шабакаи барқ ва ташкили истифодаи дастгоҳҳои барқӣ дар асоси технологияҳои рақамӣ тасдиқ карданд ва  ба возаратҳои дахлдори узви ИДМ оиди корбари дар соҳаи саноати энергетикӣ ва истифода бурдани муқаррароти нав ва таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор дастур дода шуд. 

Аъзоёни Шурои  Энергетикии ИДМ Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

Дар ҷаласаи Шурои Энергетикии ИДМ дурнамои ҳамкориҳои энергетикӣ баррасӣ шуд

Дар Тоҷикистон иҷозатномагири барои соҳибкорон осон шуд

Мо дар Telegram