Дар ишқи шавҳарам ғуломам

Дар ишқи шавҳарам ғуломам

Бо муҳаббат хонадор шудам. Дар оилаамон ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон буд. Муносибатамон беҳад гарму самимӣ буд. Соҳиби ду духтарча шудем. Аз ҳузури ин мавҷудоти олиҷаноб ошёнамон боз зеботару гуворотар шуд. Шавҳарам одами боварибахш, боақлу боистеъдод буд. Ман бе дудилагӣ қарор додам, ки фаъолияти кориамро қатъ кунаму тамоми вақту қувваамро барои пешравии шавҳарам сарф намоям. Ҳама корро кардам, то шавҳарам ба ҳамаи дараҷаҳо расад.

Мо сафи фарзандонро зиёд кардан хостем. Сеюмаш низ духтар шуд, падараш мумкин писар мехост, бо вуҷуди ин ӯро хеле дӯст медошту эрка мекард. Дар яксолагии духтари хурдӣ шавҳарам рисолаи номзадиашро дифоъ кард. Ман хушбахтарин зан будам, зеро ман ўро дӯст медоштаму ӯ маро.

Бо шавҳар ва фарзандонам фахр мекардам. Шавҳарам бисёр кор мекард , аслан, ӯ кордӯст буд. Ман аз ӯ асло шубҳа надоштам. Дар осмони соф баъду барқ шудагӣ барин, хабаре паҳн шуд, ки шавҳарам маҳбуба дорад. Худаш низ доимо мегуфт, ки онҳо бегоҳиҳо якҷоя то дергоҳ кор мекунад. Ин зан шавҳар надорад. Бинобар ин ӯ бо дили соф дар баъзе корҳои мардонаи рӯзғор мададаш мерасонад.

Мани содда бовар мекардам. Вақте аз шавҳарам дар бораи овозаҳо, то кадом дараҷа ҳақиқат будани онҳо пурсидам, ӯ ба ҳамааш худи маро гунаҳгор намуд. Гуфт, ки ман ӯро намефаҳмидаам, ҳиссиёташро эҳтиром намекардаам. Охир, барои ӯ ҳардуямон азиз будаем, вай ҳардуи моро нағз медидааст. Ман ношукр будаам, ҳиссиёти дигаронро сарфи назар мекардааму хуллас, ӯ ба гапу овозаҳои мардум туф кардааст. Вай гуфт:

— Ба зани дуюм доштани ман одат куну муросо кун.

Ман чора надорам. Аллакай бо палонҷам оромона муносибат мекунам. Чӣ кор кунам? Охир дар як хонаему маҷбурем, ки корҳоро якҷоя кунем ва рӯи якдигарро бинем. Ҳатто ман ӯро ба ин падидаи номатлуб айбдор ҳам намекунам. Ў бе шавҳар буду хост ҳаёти худро ташкил кунад. Ман танҳо аз шавҳарам хафаам. Охир, ошиқ шудааст, бояд аз аввал ба ҳамааш мардона иқрор мешуд. Аз ҳама даҳшатнокаш он аст, ки ӯ маро мегӯяд, ки бо хомӯшиат ту муҳити хонаводаро нохуш мегардонӣ ва ба мо таъзиқ меорӣ.

Ман фарзанд дораму онҳоро бисёр дӯст медорам. Онҳо маро намепартоянд. Ана, ҳоло ман бо муҳаббати ба шавҳардоштаам ва озурдагии беҳад аз хиёнати ӯ танҳо мондаам. Ҳатто бо вуҷуди хиёнаташ аз шавҳарам дил канда наметавонам, ӯро ҳоло ҳам дӯст медорам.

Мумкин, аз байни хонандагон каси боақле пайдо шаваду роҳи аз ин ҳолат бо сарбаландӣ баромаданро ба ман гӯяд. Охир, шаҳрамон хурд асту имкони ба мутахассиси босалоҳият, ки дар мавзӯи оиладорӣ маслиҳат дода тавонад, вохӯрдан надорам. Шавҳарам доим дар хона ҳасту аз хона баромада наметавонам.

ЗЎҲРО, ш. Душанбе. Аз «Оила»

Мо дар Telegram